734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Хуҷанд: Бозиҳои варзишӣ баргузор гардид

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаҳои 10-11 марти соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба гӯштини миллии гӯштингирӣ бо иштироки беш аз 58 нафар  варзишгарон аз дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ҷ.Расулов, Мастчоҳ, Спитамен, Кӯҳистони Мастчоҳ ва ММОВВ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш, боз ҳам мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарону мураббиён  ташкил ва баргузор гардид.

Дар натиҷа маълум гардид, ки ҷои якум насиби дастаи ММОВВ, ҷои дуюм насиби дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов ва ҷои сеюм насиби дастаи ноҳияи Мастчоҳ гардид.

image-0-02-05-e6f1756073f1d0a1b0e4f4a407979805378eab908ba533f87b362ab52ed3e597-VДар фарҷоми мусобиқа аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон  ва варзиши вилояти Суғд ба ғолибону ҷоизадорон медал ва диплом тақдим карда шуд.


12.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.