734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ ДУХТАРОН

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд санаҳои 9-11 марти соли 2018 мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол байни духтарони соли таваллудашон 2000 ва хурд бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толори варзишии Коллеҷи тиббии ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонии варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш ва дур будан аз амалҳои номатлуб ташкил ва баргузор гардид.
 
Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд байни ҳам рақобат намуда, бозиҳои ҷолиберо нишон доданд.
 
Дар натиҷаи 28829654_426303591158324_393187657_n ҷои якум насиби дастаи Ҷ.Расулов 2-и ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷои дуюм насиби дастаи ноҳияи Ашт ва ҷои сеюм насиби дастаи Ҷ.Расулов 1-и ноҳияи Ҷ.Расулов гардид.
 
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо медалу дипломҳои таъсиснамудаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.


12.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.