73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!

Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери ҳамоҳангсозии  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10 – уми марти соли 2018 дар боғҳои фарҳангӣ фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва  кучаву хиёбонҳои тамоми шаҳру навоҳии кишвар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо иштирокӣ 14615 нафар наврасону ҷавонон, варзишгарону сокинони киш28872607_2005547219693669_4693565004375392256_nвар баргузор гардид.

          Машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ дар шаҳри Душанбе дар Боғи ба номи устод С.Айнӣ, Боғи ҷавонон, Боғи Парчами давлатӣ, Боғи дӯстии халқҳо ва назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки 709 кормандони вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати саноат ва  технологияҳои нав, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино ва Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон баргузор гардид.

          Ҳаминтавр дар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ дар ВМКБ 1157 нафар, дар вилояти Хатлон 5500 нафар аз ҷумла 1230 нафар бонувон, дар вилояти Суғд 2365 нафар, аз ҷумла 794 нафар бонувон ва дар шаҳру навоҳии тебоеи марказ 4884 нафар аз ҷумла 1267 нафар  бонувон иштирок намуданд.


12.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.