73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Қаламкашони азиз!

Бо самимияту эҳтироми беандоза ҳамаи Шуморо бо иди касбиатон – Рӯзи матбуоти тоҷик таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, иғболи накӯ, дастовардҳои беназир ва комёбиҳои нави эҷодиро таманно дорам.

Дар асл, намояндагони воситаҳои ахбори омма, қаламкашони заҳматкаш, эҷодкорони меҳадӯсти мо вазифаи пурсамар ва пурмасъулиятро бар дӯш дошта, дар роҳи таҳкими рукнҳои демократии кишвар, аз ҷумла озодии сухан, ҳифзи ҳуғуғу манфиатҳои инсон ва бунёди ҷомеаи воғеан адолатпарвар саҳми арзанда доранд.

Махсусан, дар даврони соҳибистиғлолии кишвар дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди шабакаҳои иттилоотӣ, ворид гардидани технологияҳои рағамӣ,  тарғиби фарҳанги миллӣ, тафаккури солим дар матолибҳои ҷолиби рӯзномаҳои даврӣ вазабони ширину гуворои тоҷикӣ тариғи радиову телевизион таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, дар ин радиф, имрӯз воситаҳои ахбори оммаи кишвар симои миллиро касб намудаасту ифодагари мағсаду маром ва ормонҳои миллӣ мебошад.

Ғобили таҳсин аст, ки дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма дар раванди муборизаи иттилоотӣ бо эҳсоси баланди худшиносиву меҳанпарастӣ оромиву суботи ҷомеаро ҳифз намуда, чун муҳофизгари дастовардҳои даврони истиғлол хизмат менамоянд.

Саҳми рӯзноманигорони заҳматкаш дар тарғибу ташвиқ ва инъикоси чорабиниҳои бахшида ба “Соли ҷавонон” ва моҳияти эълон гардидани ин соли таърихӣ бениҳоят муҳим арзёбӣ гардид, ки бо ин васила тамоми чорабиниҳо дар сатҳи зарурӣ инъикос гардиданд.

Бори дигар барои меҳнати сидқидилонаву софдилона изҳори сипос намуда,  ин ҷашни фархундаро аз самими қалб муборакбод ва бароятон  некномӣ, сарбаландӣ ва маҷмуи хушиҳои зиндагиро орзумандам.

Қаламатон ҳамеша бурро бошад, ид муборак!


12.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.