734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


БУЗУРГДОШТИ ЗАН – МОДАР АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

DSCN0820Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили “Рӯзи Модарон” дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Бузургдошти зан – Модар аз нигоҳи Пешвои миллат” бо иштироки занони сиёсатмадор, собиқадорони соҳа, намояндагони вазорату идораҳо ва ҷавондухтарони фаъол баргузор гардид.

Абдуллозода Аҳтам Рустам зимни суханронии хеш иброз намуд, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бо мақсади баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои беназир намудааст. Бо мақсади амалигардонии ҳадафи мазкур аз ҷониби Пешвои миллат квотаҳои Президентӣ, стипендияҳои Президентӣ барои духтарони дурдасти кӯҳистон таъсис дода шуд, ки ин иқдом дар амалгардонии ҳадафҳои мазкур заминаи мусоид фароҳам овард.
Ҳамзамон, иштирокдорони мизи мудаввар, ҷавондухтарони фаъол дар чорабинии мазкур вобаста ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Пас аз баргузории мизи мудаввар бо иштироки ҳунармадони машҳури кишвар барномаи рангини фарҳангӣ доир гардид.


09.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.