73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Номаи табрикии Абдуллозода Аҳтам Рустам бахшида ба Рӯзи Модар

        8 Март Рузи Модар 2018Модарони азиз,

        Бонувон ва хоҳарони гиромӣ,

Дар оғози фасли баҳори нозанин ва шукуфоии табиат ҷашнгирии Рӯзи Модар басо рамзӣ буда, он ба мардуми кишвар аз фазилату назокати занону модарони тоҷик муждаи гуворо мерасонад.

Дар ин рӯзҳои фараҳманду нишотбахши баҳор, ки замини биҳиштосои Тоҷикистони азиз пероҳани сабз ба бар карда, мардуми фархундатолеъи он дар фазои сулҳу амнияти пойдор, ваҳдату истиқлолияти комил зери роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зеботарин ҷашн – Рӯзи Модарро тантана менамояд, Шуморо бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса бо ин ҷашни фархунда, сидқан табрику таҳният менамоем.

Зан – модар чароғи хонадон аст, вале ў натанҳо чароғи хонадон, балки равшангари рўзгор ва зиндагиву ҳаёти мост.

Зан ва баҳор тимсоли якдигаранд, агар баҳор ба табиат руҳу ҷон бахшад, зан – модар тавлидгар ва тарбиятгари фарзанд аст.

Боварии комил дорам, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ба ин олиҳаи бузург ва неъмати бебаҳо, яъне қадру манзалати модари тоҷик арҷ мегузоранд.

Барои тамоми модарон, бонувон ва хоҳарони тоҷик зиндагии осуда, бахту иқболи накӯ ва комёбиҳои беназирро орзумандам.

 Иди Модар муборак, ҳамдиёрони азиз!


07.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.