73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


МО – ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО/БПНМ

20180227_110231Бо  ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, пешгирии онҳо аз  вируси бемории хафнок  ВНМО/БПНМ, тарғиби    тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон  семинар – машварат таҳти унвони “Ҷавонон – ҷонибдори тарзи ҳаëти солим” дар Коллеҷи касбӣ – техникии саноати кишоварзии ноҳияи Зафаробод бо ҷалби беш аз 200 нафар устодону донишҷӯёни коллеҷи мазкур баргузор гардид.

Зикр гардид, ки давоми солхои охир ВНМО/БПНМ аз руйдоди тиббӣ ба таҳдиди ҷиддии ҳаёти башарият табдил ёфт. ВНМО/БПНМ на танҳо мушкилоти тиббӣ аст, зеро ба инкишофи тамоми аҳли башар таҳдид мекунад, яъне оқибатҳои мудҳиши иҷтимоӣ дорад. Аксари аҳолии курраи замин аз ин беморӣ кам воқиф ҳастанд. Сабаби асосӣ, қабл аз ҳама, ба ҷиддияти ин мушкилот баҳои зарурӣ надодан, бепарвоии одамон ва бефаъолиятии ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ҷомеа муносибат ба ин мушкилот тағйир дода шавад, кори фаҳмондадиҳии аҳолӣ, махсусан ҷавонон оид ба масъалаи пешгирии ВНМО/БПНМ беҳтар карда шавад. Барои кам кардани хавфи сироят ва густариши бемори ҳар фард бояд ҳар чӣ бештар дар бораи ВНМО/БПНМ, яъне роҳҳои сирояти он, инкишоф ва зуҳуроти беморӣ, табобат ва асосан пешгирии онро донад.

Ҳамзамон, дар   рафти семинар – машварати мазкур наврасону ҷавонон вобаста ба роҳҳои бартарафсозии ин вабои аср фикру мулоҳизаронӣ намуда, барои пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ пешниҳодҳои муфид баён карданд.


03.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.