73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ҶАВОНОН: МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВНМО/БПНМ ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

 28 феврали соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд семинар – машварат оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони “Ҷавонон – ҷонибдори тарзи ҳаëти солим”  бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон бобати хавфи вируси бемории ВНМО/БПНМ, тарғибу ташваиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон бо ҷалби беш аз 40 нафар наврасону ҷавонони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Зикр гардид, ки “ВНМО вируси ғайриоддӣ аст, зеро инсон метавонад онро дар организми худ солҳои зиёд дошта бошад, вале ҳамзамон ба куллӣ солим намояд. Вале вирус тадриҷан дар дохили организм афзоиш меёбад, ҳуҷайраҳои хунро вайрон мекунад, ки онҳо унсури системаи ҳимоятгари организм мебошанд. Агар инсон ВНМО дошта бошад, чунин маъно надорад, ки дар ё БННМ зуд инкишоф меёбад. Вирус метавонад дар организм даҳ сол ва аз он ҳам бештар ҷой дошта бошад то ба он даме, инсон ягон аломати маризиро ҳис намояд. Дар тӯли ин вақт инсон метавонад худро комилан хуб ва солим ҳис кунад, аммо метавонад ба дигарон вируси худро гузаронад…
Барои кам кардани хавфи сироят ва густариши бемори ҳар фард бояд ҳар чӣ бештар дар бораи ВНМО/БПНМ, яъне роҳҳои сирояти он, инкишоф ва зуҳуроти беморӣ, табобат ва асосан пешгирии онро донад.
 
Ҳамзамон, дар ҷараёни рафти семинар – машварати мазкур наврасону ҷавонон вобаста ба роҳҳои бартарафсозии ин вабои аср фикру мулоҳизаронӣ намуда, барои пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ пешниҳодҳои муфид баён карданд.20180228_115144


03.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.