73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дасти ТЭТ ҲНИТ дар воқеаҳои февралӣ

Дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум дар шароити Тоҷикистон омилҳои мухталифе пайдо гардида буданд, ки мамлакатро ба моҷарои сиёсӣ кашиданд. Вобаста ба мавзӯи пурбаҳсу фаррохи воқеаҳои февралии соли 1990 ақидаи муҳаққиқону таърихнигорон гуногун аст. Дар ибтидои соли 1990 нерӯҳои гуногуне пайдо шуда кӯшиш намуданд, ки ба раванди сиёсӣ таъсир расонанд ва тадриҷан низоми идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро зери таъсири худ нигоҳ доранд.

Яке аз аввалин ташкилот, ё иттиҳодияи ҷамъиятие, ки дар саромади зиддиятҳо ва муқовиматҳои сиёсии Тоҷикистон қарор гирифт, созмони “Растохез” ва баъдтар ТЭТ ҲНИТ буд. Яъне аз ҳамон вақт ҲНИТ рӯи кор омад. Дар ин бора низ муовини вақти раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Отахон Латифӣ ҳанӯз дар давраи аввали ташкили чунин ҳаракатҳо гуфта буд: “Вақте  ки барнома ва низомномаи ташкилоти “Растохез” ба Совети Вазирон ворид шуд, на ҳамаи пешниҳодоти онро қобили қабул донистанд. Ҳоло дар мамлакат низоми ба расмият шинохтани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мавҷуд набуд”. Сониян, сарварони “Растохез”, ҲНИТ ва дигар ташкилотҳои ғайрирасмиву ғайридинӣ дар мубориза барои соҳиб шудан ба мандати депутатӣ ноком гаштанду ҷонибдоронашон дар парламент мақоми сазовор пайдо накарданд ва онҳо даст ба тазоҳуроти пайваста ва доимӣ заданд. Ҳадаф фишор овардан ба мақомоти ҳизбиву давлатӣ буд. Мақсад доштанд, муносибати мардумро бад намоянд.

Иттиҳодияи навтаъсиси ҲНИТ фаъолияти маҳалгароию миллатгароиро дар байни донишҷӯён ва ҷавонон ривоҷ дода, тавассути варақаҳо ва овозаҳо афкореро ба мардум талқин намуд, ки гӯё роҳбарият аз уҳдаи идораи корҳои давлатӣ намебарояд. Эҳсос мешавад, ки иттиҳоди бо ном мардумии “Растохез” ва ҲНИТ бо қисмати иртиҷоии руҳониён, махсусан, бо бунёдгароёни исломӣ пайваст гардида, мардумро ба ҳар гуна эътирозҳо ва саркашиҳои шаҳрвандӣ даъват менамуданд.

Дар рӯзҳои 11-14 феврали соли 1990 гирдиҳамоии оммавие, ки асосан, тавассути даъвати руҳониён бо роҳбарии пайравони ТЭТ ҲНИТ, “Растохез” ва бо ҳамдастии баъзе сиёсатмадорони ифротӣ ба миён омада буд, вазъияти ҷамъиятию сиёсии мамлакатро пуршиддат ва муқовиматбор намуд. ҲНИТ мардумро зидди ҳам гузошта, инкишофи мутаносиби мамлакатро халалдор сохт. Дар баробари ҲНИТ низ нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пайдо гардида, кӯшиши аз қудрат дур намудани элитаи сиёсии ҳукмронро намуданд.

Воқеан, гирдиҳамоиҳои аввалин рӯзи якшанбе, 11-уми феврал, соати 1500 дар назди бинои КМҲК ташкил шуд. Дар назди бинои Комитети Марказӣ асосан ҷавонон, одамони калонсоли ришдор, ки баъдтар аъзои ТЭТ ҲНИТ будани худро тасдиқ намуданд, ҷамъ шуданд. Аз ҳолати назди КМ аъзои ТЭТ ҲНИТ истифода карда, тарғибҳои тундгароёна мебурданд. Баъдтар дар кӯча зиёда аз 30 нафар наврасону ҷавононро ҷамъ карда, даъват намуданд, ки муқобили ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда эътироз намоянд, гирдиҳамоию намоишҳоро пай дар пай ташкил кунанд.

Сатҳи иштирок дар гирдиҳамоӣ гуногун буд. Яке аз рӯи ҳавас, дигаре барои тамошо ва дигаре аз хотири дифои кадом “манфиатҳо” ва чорумин бо даъвати иттиҳодияҳои навташкили ғайрирасмӣ вориди майдон гардида буданд. Ба майдони гирдиҳамоӣ наздик шудан ва ё ҳамроҳ гаштан чандон мушкилӣ надошт, аммо аз он хориҷ гардидан чандон осон набуд. Зеро ТЭТ ҲНИТ кайҳо нақшаи тазоҳуроти дарозмуддат ва шиддатноки гирдиҳамоиро кашида буд.

Рӯзи 12-уми феврал, соати 1000 гирдиҳамомадагон пароканда шуданд. Пайравони ТЭТ ҲНИТ изҳор доштанд, ки ба зудӣ бо яроқ бармегарданд. Ҳамин буд, ки баъди аз нав ба ҳам омадани тазоҳуркунандагон, тақрибан соати 1600 дар майдон овози тир шунида мешуд. Ҷамъомадагон то соати 9-и бегоҳ доду фарёд намуданд.

Дар натиҷа, он бегоҳ 24 мағоза, 22 муассисаи хизматрасонии маишӣ ва хӯроки умумӣ, 6 бинои маъмурӣ, 2 кинохона, 2 бонки амонатгузорӣ, 1 троллейбус, 1 автобус, 2 мошини боркаш, 3 мошини милитсия, 3 мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИТ вайрон ва осеб диданд. Мақомоти низомӣ ва қудратии мамлакат кӯшишҳои зиёд ба харҷ медоданд, то вазъиятро ором намоянд. Аммо тазоҳуркунандагони ҲНИТ ба ҳеҷ кас гӯш намедоданд, ҳар амалеро, ки мехостанд анҷом медоданд. Ҳарчи ба хаёли тазоҳуроткунандагон меомад, мегуфтанд. Аз чунин ҳол бисёр гурӯҳҳо истифода намуданд. Аз ҷумла, як гурӯҳ ходимони динӣ ғазаби мардумро ба манфиати худ истифода бурда, мехостанд, нуфузу эътибори худро баланд бардоранд. Онҳо иброз медоштанд, ки «ҳукумат қудрати идора кардани давлатро надорад, онро бояд ба мо диҳад». Ҳатто ҲНИТ мардумро ба ҷиҳод даъват мекард.

Бояд тазаккур дод, дар фаъолияти ТЭТ ҲНИТ, ки зери шиорҳои ташаккули сохти нави иҷтимоӣ бо истифода аз нерӯҳои дигари сиёсӣ, аз ҷумла, гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил амалӣ мегардид, тамоми аломатҳо ва хусусиятҳои шаклгирии табадуллоти давлатиро пайдо намудан мумкин буд. Ҳодисаҳои февралӣ дар Тоҷикистон, ки ба таври мақсаднок ба амал омаданд, ба ҳадафҳо ва натиҷаҳои дилхоҳ нарасиданд. Нерӯҳои тазоҳуркунанда шикаст хӯрданд.

Рустам РАҲИМОВ


15.02.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.