73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Машқҳои дастаҷамъона бо иштироки беш аз 13090 нафар

26992440_1330843737061275_8528955559381409467_nБо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар партави сиёсати варзишпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар қаламрави  кишвар ва пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуби ҷомеа, пешгирии онҳо аз қабили нашъамандӣ ва касалиҳои сирояткунандаи ҷинсӣ, махсусан ВНМО/ВБПМ аз санаи 10 феврали соли 2018, соати 7:30  минбаъд ҳар ҳафта рӯзи шанбе ва якшанбе дар тамоми марказҳои фарҳангию фароғатии шаҳру навоҳии кишвар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” доир мегардад.

Санаи 10 феврали соли 2018 бо мақсади томмавияти варзиш дар тамоми қаламрави кишвар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид

 Мавриди зикр аст, ки машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо иштироки васеи ҷавонону наврасон дар марказҳои фарҳангӣ фароғатӣ ва боғҳои шаҳру навоҳии кишвар баргузор гардид. Дар ин чорабинии солимгардонӣ устодони соҳаи варзиш ва варзишгарони маъруф низ иштирок намуданд.

 Ҳамин тавр, дар машқҳои дастаҷамъонаи мазкур дар шаҳри Душанбе зиёда аз 2180 нафар аз ҷумла 320 нафар бонувон, вилояти Хатлон 2770 нафар аз ҷумла 548 нафар бонувон, вилояти Суғд 4288 нафар аз ҷумла 1186 нафар бонувон, ВМКБ 960 нафар, аз ҷумла 272 нафар бонувон, НТҶ 2892 нафар аз ҷумла 543 нафар бонувон иштироки фаъолона намуданд.

Дар умум дар машқҳои дастаҷамъонаи мазкур дар қаламрави кишвар 13090 нафар аз ҷумла 2869 нафар бонувон дар иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки ташкил ва баргузории чунин машқҳои дастаҷамъона ба оммавигардонии варзиш замина гузошта, боиси баланд гардидани ҳиси ватандӯстии  наврасону ҷавонон мегардад.


14.02.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.