734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


24872 чорабинӣ дар “Соли ҷавонон”

IMG_0122Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2017

Кумита бо назардошти эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” имконияти фаррохробарои таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, ки яке азвоситаҳои амалигардонии сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҳисоб меравад, самаранок истифода намуд.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Кумита бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусию соҳибкорони ватанӣ ва ВАО дар самти сиёсати давлатии кор бо ҷавонон 17096 адад чорабинӣ бо фарогирии 4064549 наврасону ҷавонон ва аҳолӣбаргузор гардид.

Дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2017, 7836 чорабинии варзишӣ бо фарогирии 2745999 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 537130 нафар бонувон, амалӣ карда шуд.

Дар маљмуъ дар «Соли ҷавонон» дар саросари кишвар дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш 24872 чорабинӣ бо фарогирии 6 810 548 нафар наврасону ҷавонон ва сокинони ҷумҳурӣ баргузор карда шуд.

ДАР САМТИ КОР БО ҶАВОНОН

Дар оғози соли 2017, Кумита 12 Нақша – чорабиниҳои муштарак ва алоҳидаро дар самти сиёсати давлатии кор боҷавонон, киаз 255 банд иборат аст, дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ ва мавриди амалї ќарор дод.

Самти Тарбиявию фаҳмонидадиҳӣ

Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба масъулини соҳа имконият муҳайё гардид, ки дар “Соли ҷавонон” 7106адад мулоқоту вохўриҳои фаҳмондадиҳию тарбиявӣ дар тамоми қаламрави кишвар бо фарогирии 1974970 нафар наврасону ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор намояд.

Самти ободкорӣ

Бо мақсади тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи меҳнатдӯстию созандагӣ, ободкорию хуррамгардонии Ватани маҳбубамон дар “Соли ҷавонон”Аксияи ҷумҳуривии 75-рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» аз ҷониби Кумита амалӣ гардонида шуд. Ҳамчунин, ҳар рӯзи шанбе ва якшанбеи ҳафта то арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби зерсохторҳои Кумита дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣҳашарҳои ободкорӣ ба роҳ монда шуд.

Дар маҷмуъ, бо иштироки 244 196 нафар ҷавонон 1 246 маротиба шанбегӣ баргузор гардида,дар масоҳати 99,7 га замин корҳои ободонӣ бошинонидани 598007 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда ва гулу буттаҳо анҷом дода шуд. Аз ҷониби Кумита гулгашт тањти унвони “Љавонї” дар суроғаи ш. Душанбе, кўчаи Гагарина мавриди истифода қарор гирифт.

Самти волонтёрӣ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» дар ќаламрави кишвар, махсусан дастгоњи марказии Кумита,клубҳои волонтёрон таъсис ёфта, аъзоёни он ба 4698 нафар расонида шуд.

Аъзоёни клуб дар соли 2017, 1528 чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ, фарҳангию маънавӣ, илмию омӯзишӣ, солимгардонию фароғатиро дар байни наврасону ҷавонон баргузор намуда,210 377 нафар ҳамсолони худро фаро гирифтанд.

Аксия – ҳамоишҳо

Бахшида ба “Соли ҷавонон” зери сарпарастии чорабиниҳои “Соли ҷавонон”, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ1999 Аксия – ҳамоишҳоихусусияти ташвиқотию иттилоотӣ, илмию тарбиявидошта таҳти унвони «Об барои рушди устувор», «Саҳми ҷавонон дар рушди устувори кишвар», «Нақши ҷавонон дар устуворгардонии иқтисодиёти кишвар», «Мо бо Шумоем, Пешвои миллат», «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим», «Солимӣ мароми мост», «Мо насли Истиқлолем», «Аксияи ширинӣ», «Алло, салом модар, ман туро дӯст медорам», «Хизмат ба Ватан шараф аст», «Ба муҳофизати Ватани маҳбубамон омодаем!», «Барои Тоҷикистони озоди соҳибистиқлол хизмат мекунем!», «Эҳтиром ба калонсолон шарафи ҷавонмардист!», «Мо ҷавонон ин Ватанро сабзу хуррам мегардонем», «Мо насли истиқлолем!» ва ғайра бо шукуҳу шаҳомати хоса доир карда шуд, ки дар онҳо зиёда аз 625463 нафар ҷавонон фаъолона иштирок намуда, беш аз 297871 маводҳои иттиллоотии хусусияти маърифатӣ, ватандӯстӣ, ахлоқӣ ва тарбиявидошта тақсим карда шуданд.

Семинарҳо

Барои насли ояндасоз ва мо масъулини соҳа боиси ифтихор аст, ки соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид. Дар соли таърихӣ бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат бо иштироки 65445 нафар ҷавонон 1036 семинарҳои омӯзишию машваратї дар мавзуҳои «Хештаншинос будан дар ҳар ҷавон сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад», «Иштироки ҷавонон дар бартарафсозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ», «Нақши ҷавонон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм», «Омӯзиши паҳлуҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи бизнес-нақша», «Бизнес-коннект», «Наҳорҳои тиҷоратӣ», «Ба сармоягузор чиҳоро бояд пешниҳод кард?», «Ҳама чизро фурӯхтан имкон дорад», «Стартап лоиҳаҳо ва идеяи тиҷоратӣ», «Хизматрасонии аълосифат – асоси муваффақият» ва «Ташаккули инфиродӣ ва касбии кормандон дар ҳама зина» оид ба шуғлнокӣ, саломатӣ, ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, фарҳангдӯстӣ ватаҳсилоти муносиб барои ҷавонон доир карда шуд.

Конфронс ва мизҳои мудаввар

Бо мақсади таъмини ҳамаҷонибаи зеҳнию эҷодии ҷавонон дар ҳалли мушкилоти ҷавонон ва вусъат бахшидан ба имкониятҳои фароҳамгардида дар соли 2017,959 конфронсу мизҳои мудаввариҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ бо иштироки 82263 нафарҷавонон дар мавзӯҳои “Ҷавонон ва фарҳанги либоспӯшии онҳо», «Хештаншинос будан дар ҳар ҷавон сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад», «Ҳувияти миллӣ ва давлати дунявӣ: дар мисоли фарҳанг ва маорифи динӣ», «Либос ҷузъи фарҳанг», «Дар пойдории фарҳанги миллӣ саҳмгузорем!», «Саодати миллат аз Ваҳдат аст», «Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд», «Танзим баракати зиндагӣ», «Хизмат ба Ватан шараф аст», «Либос – ҷузъе аз фарҳанги миллӣ», «Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила – омили рушди пойдории оилаҳои ҷавон дар ҷомеа», «Ҷалби ҷавонон ба илмҳои дақиқ: омилҳо ва натиҷаҳо», “Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон” ва ғайра баргузор гардид.

Бо шукргузорӣ аз Ваҳдату Истиқлолияти комили миллати тоҷик сол то сол сафи ҷавонони лаёқатманду боистеъдод зиёд гардидаистодааст. Кумита баҳри дарёфту муаррифӣ ва дастгирию ҳавасманд гардонидани ин қишри ҷомеа дар “Соли ҷавонон” 1073 озмун дар мавзуҳои «Мақолаи беҳтарин», «Ваҳдат ва ҷавонон», «Донишҷӯи сол-2017», «Таронаи донишҷӯӣ-2017», «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ миёни ихтироъкорону навоварони ҷавон», «25 соли Истиқлолият», «Тоҷикистон – кишвари афсункор», «Тоҷикистон – Ватанам!», «Диёри нозанинам Тоҷикистон» ва «Ватан бинозам туро дар канор», «Рассомӣ» бо иштироки 219918 нафар наврасону ҷавонон баргузор карда шуд.

Инчунин озмуни Ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, стипендияҳои Президентӣ барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва касбӣ, стипендияи Кумита барои муҳассилини макотибҳои олии кишвар, грантҳои фармоишҳои иҷтимоӣ барои ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, грантҳои ҳукуматӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон барои ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва Ҷоизаи Кумита дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, барномасозӣ ва рӯзноманигорӣ чун ҳамасола ҷамъбаст гардиданд.

Таҳсилоти муносиб барои ҷавонон

Дар “Соли ҷавонон”12 нафар олимону муҳаққиқон сазовори Ҷоизаи ба номи Исмоли Сомонӣ,30 нафар сазовори ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ ва барномасозӣ, 300 нафар хонандагону донишҷӯён сазовори стипендии Президентӣ, 200 нафар хонандагон сазовори стипендияи раиси шаҳри Душанбе ва 10 нафар сазовори стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дар маҷмуъ 2077 нафар ҷавонон сазовори стипендияҳои Президентӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гардиданд.

Дар давоми соли 2017 дар самти таҳсилоти муносиб барои ҷавонон дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018» 41 лоиҳа ба маблағи 339063 сомонӣ татбиқ гардид.

Шуғлнокӣ

Дар натиҷаи ҳамкориҳои густурдаи Кумита ва сохторҳои он бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои дарёфти ҷойи кори муносиб ва касмбомӯзии ҷавонон 585 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо 41651 ҷойи корӣ пешниҳод гардида, 112693 нафар шаҳрвандон барои дарёфти ҷойи корӣ муроҷиат намуданд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 30550 нафар ба ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардида, 11171 нафар ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Курсҳои омӯзишӣ

Дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018” ва дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор 189 курсҳои омӯзишии атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, попуридӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишии забонҳои русиву англисӣ ва компютерӣ бо фарогирии 19609 нафар ташкил карда шуд.

Чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ

Оид ба масъалаҳои мубрами рӯз тарбияи ҷавонон дар самти ватандӯстию хештаншиносӣ, нигаҳдошти тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб, ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, муқаддасоти Ватан ва амсоли инҳо 688чорабиниҳо бо фарогирии 96920 нафар ҷавонон баргузор карда шуд.

Таъмини иҷтимоии ҷавонон

Дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018» ба 53 нафар ҷавонон дар ҳаҷми 48070 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

Кумита аз ҳисоби маблағҳои барномаи соҳавӣ 54 лоиҳа дар ҳаҷми 54400 сомонӣ ва аз дигар сарчашмаҳои молиявӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ ба ниёзмандон кӯмакҳои якдаъфаина расонид.

Умуман дар ҷумҳурӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» ба 23883 нафар шахсони эҳтиёҷманд аз тамоми сарчашмаҳо дар ҳаҷми 1 392981 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ, молӣ ва маишӣ расонида шуд.

Фарҳангию фароғатӣ

Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи фарҳангшиносӣ ва таъмини фароғат 687чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Таронаи сарбоз», «Суруди сарбоз», «Гулчини сурудҳои ватандӯстона», «Нигоҳи нав ба муди ҷавонон», «Суруди Модар-Алла» ва амсоли инҳо бо иштироки 407793 нафар ҷавонони тамоми табақаҳо аз ҷумла сарбозон баргузор карда шуд.

Ташаббусҳои нав

Дар “Соли ҷавонон” лоиҳаҳои наҷиб барои тарбияи зеҳнию эҷодӣ ва фароғату истироҳати ҷавонон аз қабили, “Дар меҳмонии Ректор”, мактаби омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” ва маҳфили ҳаҷвнигорону технологҳои ҷавон рӯйи кор оварда шуд.

 САМТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ИНКИШОФИ ВАРЗИШ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мутобиқи маълумотҳои оморӣдар ҷумҳурӣ 9144 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба ҳолати моҳи январи соли 2018 бақайдгирифта шудааст, ки аз ин шумора 120 варзишгоҳ, 6463 майдончаи варзишӣ, 1681 толорҳои варзишӣ, 88 ҳавзҳои шиноварӣ ва 792 маҷмааҳо, иншооти махсуси варзишӣ аз қабилитир, боулинг, фитнес ва клубҳо ташкил медиҳад.

Дар соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 296 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 маҷмааи варзишӣ, 5 варзишгоҳ, 26 толори варзишӣ, 259 майдончаи варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маркази фитнес бо харҷи зиёда аз 174688950 (яксаду ҳафтоду чор миллиону шашсаду ҳаштоду ҳашт ҳазору нуҳсаду панҷоҳ) сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 122526800 (яксаду бистуду миллиону панҷсаду бисту шаш ҳазору ҳаштсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 52 162 100 (панҷову ду миллиону яксаду шастуду ҳазору сад) сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад.

Дар ҷумҳурӣ 134 мактабҳои варзишӣ, аз љумла 5 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 90 муассисањои (мактабњои) варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 21 адад мактабҳои варзишии тобеъ ба Иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҳосилот» фаъолият доранд.

Дар мактабҳои варзишӣ 3165 гуруҳҳо бо фарогирии 31349 машқварзони наврасу ҷавон фаро гирифта шудааст.

Дар мусобиқаҳои байналмилалӣдар давраиҳисоботӣбо маблағгузории Кумита дар ҳаҷми 988 818 сомонӣ 305 нафар варзишгарон (26 нафарашон бонувон) ба 42 чорабинии варзишӣ сафарбар гардиданд. Аз ҷониби муассисаҳои варзишии тобеи Кумита ба мусобиқаҳои байналмилалӣ 105 нафар варзишгарон бо харҷи 587 274 сомонӣ ва аз ҳисобу буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бошад 1 081 468 сомонӣ ҷудо карда шуда, барои сафарбаркунонии 478 варзишгар равона гардиданд. Харҷи умумии маблағҳо барои сафарбар намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2017, 2656560 сомониро ташкил дод.

Инчунин, бо мақсади дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани варзишгарони дастаи мунтахаби кишвар аз ҳисоби Кумита 189 нафар варзишгарон бо харҷи 187 320 сомонӣ ба машқҳои дастаљамонаи таълимї дар дохил ва хориҷи кишвар фаро гирифта шуданд.

Дар нати ҷаварзишгарон ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 425 медал (121 тилло, 116 нуқра ва 188 биринҷӣ) ворид намуданд. Натиҷаҳои ба дастовардаи варзишгарон нисбат баҳамин давраи соли гузашта 177 медал зиёд мебошад.

Дар “Соли ҷавонон” 12 чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла Ниммарафони байналмилалии Душанбе-2017, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасони то 14 сола, Чемпионати Осиё оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасони то 14 сола, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон, мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон оид ба теннис байни бонувони калонсол дар гуруҳи дуюми қитъаи Осиё ва Уқёнус, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,Чемпионати Осиё оид ба муҳорибаҳои универсалӣ (UNIFAIT) ва 4 мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди муҳорибаи омехта дар сатҳи баланд баргузор карда шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 668 варзишгарон аз кишварҳои Бразилия, Россия, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Украина ва Белорусия ширкат варзиданд.

Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои беҳтарин барои шомил намудан ба дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ, таъмини оммавияти варзиш 150 адад чорабиниҳоиварзишии гуногун баргузор карда шуданд, ки аз ин шумора 25 чемпионатҳоиҷумҳуриявӣ ва 125 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ бо фарогирии 14206 варзишгар, аз ҷумла 2764 нафар бонувон доир карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки барои роҳхат ёфтани варзишгарон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ 4 792 мусобиқаҳои сатҳи маҳаллӣ ва минтақавӣ бо фарогирии 1754553 нафар варзишгарону ҳавасмандон доир гардид.

Бо мақсади эҳё ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз рӯи 8 намуди варзиш дар се марҳила (ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ) баргузор карда шуд. Дар марҳилаҳои якум ва дуюми Фестивал 26991 нафар варзишгар ва 652355 нафар тамошобинону дӯстдорони бозињои миллии варзиш иштирок доштанд.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳилаи ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 500 нафар варзишгар аз рӯи намудҳои чавгонбозӣ, шиноварӣ, сангбардорӣ, бандкашӣ, шоҳмот, варзиши сабук, дастхобонӣ ва мусобиқаи бошукуҳи миллӣ – гӯштингирӣ баргузор гардид, ки зиёда аз 15ҳазор мухлисону ҳаводорони варзишро ҷалбу хушҳол гардонид.

Ҳамзамон, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумита, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиёди оммавӣ-варзишӣ аз қабили гӯштини юнону румӣ ва тарзи озод, дзюдо, бокс, таеквондо, ВТФ, гӯштини самбо, вазнбардорӣ, футбол ва волейбол баргузор карда шуданд. Ин чорабиниҳо зиёда аз 14500 нафар варзишгарон ва 234 ҳазор мухлисону тамошобинонро фаро гирифтанд.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, № 255 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ», бандҳои 10 ва 14-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №АП-833 ва баҳри иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2017, №251605/26 ва аз 16 майи соли 2017, №26/10-16, таҳти сарпарастии роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ дави миллӣ баргузор карда шуд, ки дар он 426931 нафар шаҳрвандон (132нафар бонувон)иштирокнамуданд, ки ин нишондод нисбат бањамин давраи соли гузашта 30073 нафар зиёд мебошад.

Ҷиҳати иҷрои банди 14 – и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №АП-833, бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, баҳри оммавигардонии варзиши велосипедронӣ дар кишвар бори нахуст дар шаҳри Душанбе Марафони велосипедронӣ доир карда шуд, ки дар он 1143 нафар варзишгарону дӯстдорони варзиш (60 нафар бонувон) ширкат доштанд

Њамзамон, Марафони велосипедронӣ дар саросари кишвар низ бо ҷалби 6451нафар шаҳрвандон (681 нафар бонувон) баргузор карда шуд.

Бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 368 чорабиниҳои мухталифи оммавӣ – варзишӣ ва солимгардонӣ роҳандозӣ шуданд. Танҳо дар Боғи ба номи устод С.Айнӣ, гулгашти назди «Роҳи оҳани Тоҷикистон», маркази савдои «Садбарг»ва 70 майдончаи варзишии шаҳри Душанбе бо фарогирии 6150 нафар сокинон (1250 нафарашон зан) машқҳои пагоҳирӯзию бозиҳои гуногуни варзишӣ ташкил карда шуд. Бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»дар шаҳри Душанбе бо ҷалби 10ҳазор нафар кормандони вазорату идораҳо машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, бо иштироки 2 ҳазор нафар сокинон ва мењмонони пойтахт,Марафони велосипедронӣ ва бо шумули 10 ҳазор нафар дави миллӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд.

Шумораи бештари чорабиниҳои оммавии варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, гӯштини миллӣ, гӯштини дзюдо, варзиши сабук, теннис, тенниси рӯи миз, шоҳмот, шашка, шиноварӣ, чавгонбозӣ, камонварӣ, каратэ-до, таеквон-до вабоксгузаронида шудаанд. Аз рӯи чунин намудҳои варзиш дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 37 чорабинӣ бо фарогирии 6246 нафар (2402 нафарашон бонувон), вилояти Суғд – 118 чорабинӣ бо фарогирии 36621 нафар (7120 нафарашон  бонувон), вилояти Хатлон – 117 чорабинӣ бо фарогирии 25851 нафар (6333 нафарашон) ва дар ШНТМ – 109 чорабинӣ бо фарогирии 17315 нафар (1927 нафарашон бонувон) анҷом дода шуданд.Дар маҷмуъ мутобиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиёда аз 367 адад чорабиниҳои оммавӣ- варзишӣ доир гардида, дар онҳо 114203нафар шаҳрвандон (21032 нафарашон бонувон) ширкат варзиданд.

Футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш ба ҳисоб рафта, миёни аҳолии кишвар маҳбубияти хосаро касб намудааст.

Кумита дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» барои тарғибу ташвиқи футбол дар байни аҳолӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои футболбозӣ, ба талаботҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншоотҳои варзишии соҳа, пайдо намудани истеъдодҳои нав, рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии касбияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш чораҳои амалӣ меандешад.

Дар давраи ҳисоботӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2002-2003 барои дарёфти ҷоми ширкати «Равзана», мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ байни наврасон (U-13, U-14, U-16) барои гиромидошти хотираи Г.Черевченко ва М.Маҳмадҷонов, U-15 – барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи «СССР» ва гиромидошти И. Маҳмадшоев, барои дарёфти Ҷоми мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон В.Ғуломҳайдаров барпо карда шуданд, ки дар онҳо варзишгарон ва садҳо ҳаводорони ҷавони футбол иштирок доштанд.

Дар баробари ин, Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасони соли таваллудашон 2000-2001, 2002-2003, 2004-2005 ва Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ «Тӯби чармин-2017» баргузор гардид.

Дар ин раванд, дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии футболи кӯдакона (ФИФА) анҷом ёфт, ки барои рушди футболи кӯдаконаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Илова бар ин, дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дар сатҳи деҳот мунтазам мусобиқаҳои футбол бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ баргузор карда шуданд.

Дар иртибот ба ин, ширкати «Мегафон» дар ҳамкорӣ бо Кумита соли ҳафтум аст, ки байни хонандагони мактаб-интернатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболро таҳти унвони «Оянда аз ту вобаста аст!» баргузор менамояд. Соли 2017 ғолибони мусобиқоти мазкур дастпарварони мактаб- интернатҳои ноҳияи Шаҳринав ва ш.Душанбе гардида, барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии он ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия роҳхат гирифтанд ва мутаносибан мақоми дуюм ва сеюмро сазовор шуданд.

Дастаҳои мунтахаб ва клубҳои футболи Тоҷикистон соли ҷорӣ дар як қатор бозиҳои байналмилалии рафиқона ва интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба чемпионати Осиё – U-16 ва U-19, Ҷоми Конфедератсияи Осиё, Чемпионати Осиё-АМА 2019, инчунин дастаи мунтахаби бонувони кишвар дар Ҷоми Осиё ва U-15 дар Ҷоми Осиё иштирок намуданд.

Боиси сарфарозист, ки дар шаҳри Ҳисор бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи Осиё байни дастаҳои «Истиқлол»-и ш.Душанбе ва «Эйр Форс»-и давлати Ироқ барпо гардид ва дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ дастаи «Истиқлол» мақоми дуюмро сазовор шуд.

Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2017 шабакаи телевизионии «Футбол»ба фаъолият оғоз намуд, ки инъикоси васеи футболро дар кишвар таъмин намуда, ҳаводорони варзишро хушҳол кард.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 117 варзишгоҳҳои замонавӣ ва 6204 майдончаи варзишии футболбозӣ амал менамоянд, ки дар онҳо 29 дастаи лигаҳои олӣ ва якум, 585 дастаи ҳаваскорон ва 6 дастаи мунтахаб бо шумули умумии 11 850 футболбоз тамрин мегиранд.

Дар 103 мактабҳои варзишӣ ва махсуси футбол зиёда аз 5756 ҷавон дар 603 гуруҳ машқварзӣ менамоянд ва ба онҳо 261 мураббии соҳибмаълумот таълим медиҳанд. Илова ба ин, аз ҷониби дастаи футболи «Истиқлол» Академияи футбол таъсис дода шуд, ки барои омода намудани футболбозони сатҳи баланди касбӣ мусоидат хоҳад кард. Дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ 5 мактаби махсусгардонидашудаи футбол ва 1 Академия фаъолият дорад, ки дар онҳо зиёда аз 600 нафар футболбозони наврасу ҷавон фаро гирифта шудаанд.

Соли ҷорӣ барои соҳиб гардидан ба литсензияҳои мураббии байналмилалии дараҷаи «А», «В», «С» зиёда аз 252 мутахассисон дар 11 семинару курсҳои бозомӯзии мураббиён ва доварон дар дохил ва хориҷ аз он ширкат варзида, маҳорату малакаи касбии хешро сайқал доданд.

Вобаста ба дастовардҳои варзишгарон дар давраи ҳисоботӣКомиссияи унвондиҳии Кумита 2 маротиба ҷамъ шуда, 228 ҳуҷҷати барои гирифтани унвони варзишӣ пешниҳодгардидаро мавриди баррасӣқарор дод. Дар натиҷа, 21 нафар ба «Номзади Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», 138 нафар ба «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», 15 нафар ба «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ» ва 1 нафар ба «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Кумита дар давоми соли 2017, ҳамчун “Соли ҷавонон” бо тамоми воситаҳои ахбори омма ҳамкориҳои судманд дошт ва дар ин замина ба тамоми намояндагони ВАО изҳори миннатдорӣ менамояд.


13.02.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.