734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Пешгирии муқовимат ба савдои одамон

ҷвИмрўз 9 феврали соли 2018 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки нуҳҷониба бо вазорату идораҳои дахлдор дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи “Пешгирии муқовимат ба савдои одамон – таъмини ҳаёти осоишта”баргузор гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки дар чорабинии мазкур намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила ва оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталифи ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зинми суханронии хеш муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳмадзода Дилноза чунин баён намуданд, ки “Масъалаи марбут ба савдои одамон дар шароити имрўза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад. Аз ин рў қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон”  кўшишест баҳри амалӣ намудани чунин зарурият”.

Дар охири чорабинии мазкур байни масъулин ва иштирокчиён саволу ҷавоб доир карда шуд.

 


09.02.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.