73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ТЭТ ҲНИТ фишанги хаоси идоракунанда барои кишварҳои сеюм

Аз таҳлилҳои коршиносон ва муҳаққиқони исломи сиёсии муосир чунин бар меояд, ки модели сиёсии исломӣ натавонист мардумписанд бошад ва низоми мардумсолориро дар ҷомеа устувор созад. Сабаби асосии он ба назари баъзе аз муҳақиқон ин аст, ки аз тарафи дасти истеъморгарони навини ҷаҳонӣ Ислом ҳамчун назарияи бавуҷудоварандаи хоаси идорашаванда истифода мешавад. Таҷрибаи исломи сиёсӣ ва ҳизбҳои сиёсии характери исломидошта, махсусан дар Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркманистон ва Қирғизистон) нишон дод, ки ин ҳизбу  ҳаракатҳо, ҳамчун омили зиддиятбарангезиву ихтилоф истифода шуда, барои барҳам додани низомҳои мавҷудаи сиёсии кишварҳои зикршуда бо пуштибони хоҷагони хориҷии худ сафарбар шудаанд.

Мисоли рушану возеҳи он фаъолияти ТЭТ ҲНИТ аст. Аз тарафи Суди Олии кишвар собит гардид, ки аз роҳи ихтилофбарнгезиву ҷудоихоҳӣ ва зиёд шудани ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар Тоҷикистон чунин ихтилофҳо зиёд гардида, мунҷар ба табаддулот ва барҳам задани низоми мавҷудаи сиёсӣ нигаронида шуда, бо амалҳои террористиву ифротгароӣ даст ба тағйири сохторӣ оварда расонид. Таърихи ташаккул ва таҳаввули ин ҳизб нишон дод, ки дар марҳилаҳои начандон тӯлонии инкишофи худ ин ҳизби сиёсии исломӣ  ихтилофу зиддиятҳоро дар ҷомеа барангехта, ҳамеша барои носуботии амнияти дохилӣ ва минтақавӣ замина фароҳам оварда, омили асосии  даргирии ҷангҳои дохилӣ буд.

Исломи сиёсӣ наметавонад дар ҷомеа руҳияи солиму таҳаммулгаро дошта бошад ва бардошти ақидаҳои мухолифи худро ба вуҷуд оварад. Чунин таҷриба то ба ҳол идома дошта, дар раванди ҷаҳонишавӣ рӯз то рӯз бо шаклҳои мухталиф зуҳур карда густариш пайдо мекунад. Тавре таҷрибаҳои ҷалби зиёди ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аз Тоҷикистон нишон дод, заминаи таълимоти исломи радикалиро, ки барои ба вуҷуд овардани хаоси идорашванда матраҳ гардидааст, маҳз ТЭТ ҲНИТ ҳамчун фишанги дасти абарқудратҳо истифода мешавад. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки баъд аз шикаст дар  интихобот чаро М. Кабирӣ, раҳбари ин ташкилот ба хориҷи кишвар фирор кард ва аз он ҷо табаддулотро роҳнамоӣ намуд? Мантиқан ҷавоб ин аст, ки  нақшаҳои чунин харобкориро ӯ бо хоҷагони хориҷии худ кайҳо кашида буд, вале ноком шуд.

Бо вуҷуди ин М. Кабирӣ баъди шикасту баста шудани ТЭТ ҲНИТ ва фирор ба Аврупо нисбати Тоҷикистон ва ҳукумати он танқидҳои беасоси зиёдеро дар шабакаҳои гуногун, бо сомонаҳои гуногунном идома медиҳад.

Мардуми Тоҷикистон шоҳиди он ҳастанд, ки сатҳи зиндагӣ дар кишвар рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст. Нақшаҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон оиди баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. Саволе ба миён меояд, ки худи Кабирӣ ё ТЭТ ҲНИТ барои мардуми Тоҷикистон чӣ кори хубе анҷом доданд? Ва ҷавоб ин аст, ки ба ғайр аз фитнаву бадбинӣ дар байни мардум дигар чизе наметавонанд пешкаш созанд.

Амнияти марзу буми кишвар яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз талошҳои роҳбарияти Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот дар кишвар ҳамаҷониба аз тарафи давлатҳо ва созмонҳои мухталифи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад. Рӯзҳои мудҳиштарине, ки ба сари мардуми тоҷик ТЭТ ҲНИТ овард, дигар такрор нахоҳад шуд.  Бояд гуфт, ки сохторҳои Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ исбот карданд ва имрӯз он қудратеро доранд, ки кишварашонро аз душманони  дохилӣ ва беруна ҳифз намоянд. Он ҷангиёне, ки дар қаламрави Афғонистон қарор доранд ва ба амнияти Тоҷикистон таҳдид менамоянд, бо ТЭТ ҲНИТ ва тарафдорони он дар як андеша мебошанд. Дар сурати бад шудани вазъи сиёсӣ ва низомӣ дар Тоҷикистон таъсири он ба минтақа низ мерасад.

ТЭТ ҲНИТ бо сӯиистифода аз дини Ислом дар Тоҷикистон мардуми кишварро гумроҳ карда буд. Баъди ошкор шудани мақсаду мароми аслии ин ҳизб бисёре аз ҷонибдорон аз ин созмони ифротӣ ва Кабирӣ рӯ гардонданд. Онҳое, ки дар Аврупо худро тарафдорони ТЭТ ҲНИТ номбар мекунанд, дар асл чанд нафар наздикону хешовандони Кабирианд, на аз ин беш.  Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба ғайр аз фитнаву дурӯғпароканӣ ҳеҷ кореро ба манфиати давлату миллат анҷом намедиҳанд.

Кабирӣ ва тарафдорони кӯчаки ӯ ба чизе ноил нахоҳанд шуд, чунки халқи тоҷик дар атрофи Роҳбари маҳбуби худ ҷамъ шуда, бо боварии том ба сӯи ояндаи дурахшон меравад. Аммо мутаассифона, Кабирӣ ва тарафдорони ӯ инро нодида мегиранд.

Дар интиҳои ин гуфта метавон хулоса кард, ки исломи сиёсии муосир бо ҳизбу ҳаракатҳояш ҳамчун фишанги хаоси идоракунанда барои кишварҳои сеюм сохта шуда, ҳамчун омили истеъмори навин хидмат мекунад.

Ёралӣ НАБИЕВ, рӯзноманигор


08.02.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.