73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Вақте натиҷаҳо ғаразолудаанд…

Ё натиҷагириҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳоло баёни воқеият нест

Баъзе сомонаҳои интернетӣ натиҷагириҳои Созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW)-ро дар қиболи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонаӣ карданд. Бояд таъкид кард, ки Созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) ҳама чизро аз рӯи меъёрҳои ба худ маъқул андозагирӣ мекунад ва он чиро ки ба талаботи созмон мухолифат намекунад, интишор медиҳад. Ин нуктаро на як бору ду бор, балки дар ҳисобу китоби ин созмон зиёд ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Аз тарафи дигар, дар қаламрави ҷумҳурӣ чӣ гуна саркӯбӣ ба амла омадааст ва, аслан киро саркӯб кардаанд, мушаххас нест. Зиёда аз ин, таъбири ҳангомасози “саркӯби саросарии озодии баён” ва “фаъолияти сиёсии осоиштаи мухолифин” ба унвони маҳдуд шудани озодии баён дар ҷумҳурӣ талаққӣ шудааст. Гумонам, Созмон ба воҳима кардан ва ҳангома сохтан ва аз ин тариқ дар сатҳи тӯдаҳои норизои мамолики рӯ ба тараққӣ маҳбубият касб кардан чунин навъи гузоришҳоро пахшу нашр мекунад. Дигар ин ки воқеияти замонию маконӣ чизи дигарро бозгӯ мекунад: дар ҳудуди Тоҷикистон саркӯбии озодии баён, агар мушоҳида мешуд, сомонаю расона ва хафтаномаҳои мустақил ба нашри матолиби интиқодӣ иштиғол варзида наметавонистанд. Имрӯз дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангии ватанӣ ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак”, “Озодагон”, “Миллат” ва амсоли инҳо ба интишори маводи таҳлилӣ ва интиқодӣ машғуланд ва касе пеши роҳи пахши иттилоот ва матолиби интиқодиро нагирифтааст ва матбуоти озод дар доираи риоёти қавонини байналмилалӣ ва кишвар фаъолият карда истодааст. Убур кардан аз марзи қонун ва асноди меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳама ҷо вайрон кардани муқаррарот ва ҷиноят ҳисобида мешавад. Бинобар ин, бастани расона ё ҳафтаномаҳое, ки меъёрҳои ҳуқуқиро нақз мекунанд, талаботи қонун аст ва инро ба озодии баён рабт додану аз ин ҳисоб ҳангома сохтан дуруст нест.

Дар мавриди озодона фаъолият кардани созмону аҳзоби сиёсии мухолиф ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки ҳизбҳои сиёсие, ки бо Ҳукумат ихтилофоти усулӣ ва барномавӣ доранд (Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон, Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва амсоли инҳо) дар қаламрави ҷумҳурӣ озодона фаъолияти сиёсӣ ва ҳизбӣ мекунанд ва ҳеҷ кас ва мақомоти давлатӣ монеи иқдомоти аҳзоби сиёсии мухолиф нашудааст. Агар манзури Созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) аз интиқодоти фаъолияти сиёсӣ дар Тоҷикистон ТЭТ ҲНИТ бошад, метавон арз кард, ки ин созмони сиёсӣ аз доираи ваколатҳои худ баромада, худаш роҳро барои муколимоти сиёсӣ ва фарҳангӣ бо Ҳукумат бубаст ва ҳадафҳои ғайримашрӯи ба даст овардани султаро дар қаламрави Тоҷикистон тарҳрезӣ намуд. Муҳимтар аз ин, ТЭТ ҲНИТ барои ба ҳадаф расидан аз пуштибонии доираҳои мазҳабӣ ва созмонҳои сиррии қудратҳои минтақавӣ истифода бурд. Таи фаъолияти сиёсӣ ба ҷои он ки майдони муколимоти озод ва бидуни қайду банди шаҳрвандиро бо пайравони адёну мазоҳиби дигар ва махсусан, созмонҳои дунявӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ  тавсеа бахшад, ба парокандани хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ машғул шуд ва охируламр фазои мағшуши ҷаҳолати мазҳабиро дар сатҳи иҷтимоӣ “бозсозӣ” намуд. Дар ин ҳолат буд, ки давлат ва Ҳукумат дар асоси қонун фаъолияти онро мамнӯъ эълон дошт ва танҳо аъзои Шӯрои сиёсии ТЭТ ҲНИТ-ро, ки дар табаддулоти сиёсию интизомӣ даст доштанд, ба ҷавобгарӣ кашид (аъзои дигари он, ки ҷиноят содир накардаанд, озодона кору фаъолият доранд). Дар кадоме аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ин кор сурат намегирад? Бинобар ин, вақте ки дар бораи озодии баён ва фаъолиятҳои озоди сиёсии созмонҳои сиёсии мухолиф сухан меравад, на сарсарӣ, балки онро дар маҳдудаи сиёсӣ ва фарҳангӣ бояд баррасӣ кард, на аз он ҳангома сохт.

Дар масъалаи “бедалел” пушти панҷара бурдани фаъолони сиёсӣ ҳаминро таъкид кардан басанда аст, ки шумули чандин вакили мудофеъ ва журналист, ки гӯё “бедалел пушти панҷара боқӣ мемонанд” дар нақзи қавонини мавҷуда муқассиранд ва аз онҳо тарошидани бегуноҳ ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин “шоҳкор” ҷор задан ҳоло маънои бегуноҳӣ ва мубарроии тоифаи болоиро надорад. Ҷурму гуноҳи онҳо дайн ва тибқи муқаррароти қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Дар доираи талаботи қонунгузорӣ бозпурсии гумонбаршудагон ва хешовандони онҳо барои мушаххас кардани вазъияти ҷиноӣ, таъйини ҷинояткор, амалҳои ҷиноятӣ ва амсоли инҳо барин ҷузъиёту куллиёти самти тафтишотӣ аз кай боз гуноҳ шинохта мешавад? Мақомоти марбутаи давлатӣ, фаразан нафареро ба сифати шоҳид барои мушаххас кардани таркиби ҷиноят ба пурсиш даъват кунанд, муртакиби ҷурму хато мешаванд? Бояд ин корро накунанд ва нишинанд, ки омилони ҷиноят ва ҷиноятпешагон дар ҳар ҷо ба номи Ҷумҳурии Тоҷикистон иснод биёваранд ва давлати миллиро таҳқир намоянд?! Гурӯҳҳое, ки созмонҳои ҳуқуқи башар аз онҳо ёд мекунанд, на ба интиқоди мунсифона, балки ба таҳқири давлат ва шахсиятҳои дараҷаи аввали Ҳукумат машғуланд ва баъзе созмонҳои бонуфузи аврупоие, ки дам аз демократия ва озодандешӣ мезананд, аз терроризми динӣ-мазҳабӣ дар симои ин тоифаи ватанфурӯш ва мазҳабзада пуштибонӣ мекунанд ва ҳуқуқҳои онҳоро ба сифати “фаъолони сиёсӣ” ҳимоят менамоянд. Ин аст, демократияи баъзе доираҳои аврупоӣ, ки як иддаи мазҳабзадаро ба унвони “фаъолони сиёсӣ” ва “зиндониёни сиёсӣ” пуштибонӣ мекунанд.

Тарғиби либоси миллӣ ва ба ин васила ҷилавгирӣ намудани раванди бегонашавӣ, ки давлат таҳти пуштибонӣ қарор додааст, чӣ бадӣ дорад, ки созмонҳои байналмилалӣ аз ин тасмими давлатӣ сари тарс доранд. Охир, либоси миллӣ баёнгари зоҳиру ботини миллат аст ва миллат танҳо аз роҳи ба намоиш гузоштани аносири ҳувиятии худ метавонад дар миқёси байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намояд ва роҳро барои мубодилоти фикрию эстетикӣ бо дигар ақвому милал ҳамвор созад. Дар мавриди сатр. Фикр мекунам, коршиносону донишмандони диншиноси ватанию хориҷӣ хуб медонанд, ки сатр чист ва барои чӣ пӯшида мешавад. Баъзе сатрпӯшон, аксаран огоҳона ва дидаю дониста алайҳи соири занҳои берӯсарӣ қиём мекунанд ва даъвӣ мефурӣшанд. Ин аст, ки ин гуна занҳо, ки огоҳона ва ҳадафмандона сатр мепӯшанд ва миёни ҷомеа ҷилва мекунанд, пеш аз ҳама, даъвӣ пеш меоваранд ва худро аз дигарон бартар менамоёнанд. Дар асл, онҳо симо ва амалашонро намоиш медиҳанд ва таблиғоти динӣ-мазҳабии мақсаднокро пеш мебаранд. Ин аст, ки давлат бар мабнои таҳқиқотҳои илмӣ ва фаннӣ бо сатр бархӯрд мекунад, чун медонад, ки ривоҷ ёфтани он ихтилофоти мазҳабӣ ва ташаннуҷи хурофоти диниро ба дунбол дорад. Ҳеҷ боварам намеояд, ки созмонҳои байналмилалӣ ин нуктаҳоро надонанд. Медонанд, вале барои ҷорӣ намудани ба ном демократияи шарқӣ ин иқдомро пиёда менамоянд. Бинобар ин, он чи ки ба унвони хулосаю натиҷагирӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалалӣ ироа мегарданд, ҳанӯз баёни воқеияти зиндагии миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар нестанд ва наметавонанд ниёзҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, ҳуқуқӣ ва мадании мардум ва ҷомеаи тоҷикиро бароварда созанд. Мо назарот ва натиҷагириҳои созмонҳои байналмилалиро дар қиболи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром мекунем, вале ақлу зеҳнамон қабул кардани нукоти онҳоро, ки баъзан муғризонаанд, иҷоза намедиҳад.

Фаридун ОРИЁӢ

 

 

 


08.02.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.