73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


НАҲЗАТ МАРДУМРО БА ГУМРОҲӢ МЕБАРАД

Таърих собит месозад, ки дар ҳар давру замон ҷомеаро ин ё он гуруҳ, равия, ташкилот ва ё ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба ташвиш афдохта, мавҷудияти онҳо натанҳо боиси нигаронии мардуми як ё ду кишвар, балки боиси нигаронии мардуми минтақаву ҷаҳон мегарданд. Хусусан солҳои охир чунин ташкилоту гуруҳ ва ё ҳизбҳои нигаронкунандаи ҷомеа бо омезиш ба дини мубини ислом зуҳур намуданд, ки ҳадафи аслии ҳамаи онҳо ягона ва танҳо номашон дигар аст. Ба сифати мисол, номи иддае аз чунин ҳизбу ҳаракартҳоро метавонем дарҷ кард: ҳизби таҳрир, таблиғ, салафия, Ансоруллоҳ, Ҷундуллоҳ, давлати бо ном исломии Ироқу Шом, ҳаракати исломии Туркистон, ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва амсоли инҳо. Агар ба ҳадафи аслии ин равияҳо назар афканем маълум мегардад, ки бо истифода аз эътиқоду боварии мардум ба дини мубини ислом, иддае аз нохалафон мардумро ба гумоҳӣ кашонида, бо истифода аз неруву зеҳни онҳо мақсаду ниятҳои разилонаи хешро амалӣ менамоянд.

Масалан дар замоне, ки мардум ба хондани осори динӣ дастрасии бештар надоштанд, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини фаъолият роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷавонони ноогоҳ аз асли динро бо тарзу усули ба худашон мувофиқ ба сафҳои наҳзат ҷалб намуда, ба онҳо таълимотҳои ғайрирасмии исломӣ медоданд. Шояд агар як ё ду сураро аз барои Худо дуруст тарҷума карда ба ҷавонон меомӯзониданд, дигарашро мутобиқ ба амалу кирдори худашон тарҷума карда, мардумро ба гумроҳӣ мекашониданд. Дур намеравем, ҳамагон филми «Ваҳшонияти ҲНИТ»-ро дидем. Сайид Абдуллои Нурӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун раиси ҳизби наҳзати ислом дар даст баландгӯяк мардумро ба қатлу куштор, нооромиву бенизомӣ даъват мекард, ки ин рафтори ӯ на ба аҳкоми шариат ва на ба муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мутобиқат мекунад. Он замон маҳз бо «роҳнамоӣ»-и Нурӣ чӣ қадар ҷавонони ноогоҳ аз асли дини мубини ислом ва мардуми бегуноҳ ба ғуссаю ғам гирифтор шуданд. Чӣ қадар ҷавонони бегуноҳ ҷавонмарг шуданд, чӣ қадар хонаҳо мотамкада шуданд, чӣ қадар наварӯсон бева монданд, чӣ қадар кӯдакони маъсум ятиму бесарпаноҳ монданд, чӣ қадар пирони рӯзгор сарсону гуреза шуданд. Ва бо метавон инҷо чӣ қадарҳои зиёдеро мисол овард, ки маҳз аз касофати наҳзатиҳо ба миён омад.

Имрӯзҳо низ террорист Муҳиддин Кабирӣ амалу кирдори разилонаи устодаш Сайид Абдуллои Нуриро идома дода, дар хориҷ ҷавонони гумроҳро бо пеш овардани сураву оятҳо ҷамъ карда, бар зидди кишвари худ шӯронида истодааст. Аҳли оилаву ёру дӯстон ва наздикону пайвандон аз чунин бешарафон безор буда, ҳамагон дар кишвар ба онҳо нафрат мехонанд.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки касе, ки ба наҳзат аъзо шуд ҳатман гумроҳ хоҳад шуд, зеро мақсади асосии наҳзат гумроҳсозии мардум ва бо ин васила амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонааш бо дасти онҳост.

Фарҳод Воҳидов

 


08.02.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.