734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Шоҳмотбозон ба мусобиқаи вилоятӣ роҳат гирифтанд

Бо ибтикори Шуъбаи маориф ва илми ноҳияи Ишкошим дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия баҳри дарёфти истеъдодҳои нав байни мактаббачагон мусобиқаи шоҳмотбозӣ доир гардид.

Ба иттилои Далер Душанбеев, мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мусобиқа миёни 48 нафар хонандагони МТМУ – и ноҳия ба хотири ҷалби толибилмон ба бозиҳои ақлонӣ ва мақсаднок гузаронидани таътили зимистона баргузор шуда, дар он аксарияти шоҳмотбозон маҳорати баландро нишон доданд.

Ғолибони мусобиқа бо ифтихорномаи Бахш қадрдонӣ шуда, барои иштирок дар мусобиқаи вилоятӣ, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Хоруғи ВМКБ доир мегардад, роҳат гирифтанд.шоҳмот


22.01.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.