734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти А. Абдуллозода бо Сафири Амрико

DSC_0465-300x19930 сентябри соли равон Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ҷавонон табодули афкор намуданд.

Аҳтам Абдуллозода нахуст барои фаъолияти пурсамари сафир, ки дар Тоҷикистон баъди се сол ба итмом расид, арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки дар ин давра ҳамкории кишварҳо хеле тақвияту густариш ёфтанд.

Ҳамзамон Абдуллозода аз таърихи ҳамкории кишварҳо ёдовар гардида, изҳор намуд, ки Амрико дар баробари дигар кишварҳо аввалин шуда, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф карда, сафорати худро дар кишвар кушод. Гуфта шуд, ки давоми бештар аз 20 сол ҳамкории ҷонибҳо дар ҳамаи самтҳо рушду густариш ёфтааст.

Дар навбати худ сафир Сюзан Эллиот аз ҳамкории кишварҳо дар давраи фаъолияти худ ёдовар гардид, ки як қатор барномаю лоиҳаҳо дар самти ҷавонон амалӣ гардидаанд.

Сафир изҳор намуд, ки тавассути барономаҳои гуногун, ки аз ҷониби Намояндагии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байнанлмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, аз қабили Барномаи мубодилаи донишҷӯён, бештар аз 5 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Амрико таҳсил кардаанд.

Гуфта шуд, ки дар самти ҷавонон ҳамкориҳо бояд боз ҳам бештару хубтар ба роҳ монда шуда, фарогири ҷавонони маҳал низ бошанд.

Ҳамзамон дар мулоқот масоили ҳамкориҳои Ҷумхурии Точикистон бо Иёлоти Муттахидаи Амрико дар самти варзиш ва сайёҳӣ мавриди барраси қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз корҳои анҷомшудаи кишварҳо дар самти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ёдовар шуда, баҳри густариши муносибатҳои дуҷониба дар оянда омодагии хешро иброз намуданд.

Дар мулоқот инчунин Роҳбари Намояндагии агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Точикистон – Кетлин Макдоналд ва масъули масоили рушди барномаҳои Сафорат Вилиам Триг низ ширкат доштанд.


05.10.2015 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.