73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Омӯзиши паёми Пешвои миллат аз ҷониби ҷавонон ва варзишгарон

0-02-05-2fa7526632d683016aefafb51ca7df4d7046bd18d2412aa2a69707de98a13dec_fullШуруъ аз 8 январи соли ҷорӣ дар тамоми қаламрави кишвар аз ҷониби гуруҳи кории таъсиснамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо доираи васеи ҷавонони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва варзишгарон мавҳум ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии кишвар, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018” силсила суҳбату мулоқотҳо ва ҳамоишҳо доир гардида истодаанд.

Дар заминаи суханронии Пешвои муаззами миллат вобаста «Ғамхории давлату Ҳукумат нисбати ҷавонон бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад, баръакс масъалаҳои вобаста ба ҷавонон минбаъд низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мо қарор дода мешаванд», руҳу илҳоми ҷавонон ва варзишгарони кишварро даҳчанд болида намуда, ҳавасмандӣ, завқу хоҳиш ва масъулияти онҳоро барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз қавитар намуд.

Дар ҷараёни суҳбату мулоқотҳо ҷавонон бори дигар омодагӣ ва масъулияти хешро ҳамчун пайравони асили “Пешвои миллат” барои рушди босуботи кишвари азизамон, бо дониши баланд, забондонӣ, масъулиятшиносӣ, зиракии сиёсӣ ва ватандӯстӣ изҳор намуданд.

 


11.01.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.