73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Бонувон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дар мусобиқаи волейбол қувва меозмоянд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади сазовор таҷлил намудани  Рӯзи модар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим  аз 6 январ то 6 марти соли 2018  бо иштироки бонувони сохторҳои вазорату идора, раёсату муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт барои дарёфти «Ҷоми  Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи волейболбозонро  баргузор менамояд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,  мусобиқа  6 январ бо бозии дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва «Насли солим»-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Дар  мусобиқаи мазкур  25 дастаи бонувон  байни худ қувваозмоӣ намуда,  он дар арафаи Рӯзи модар-  6 марти соли 2018 ҷамъбаст  мегардад.

Ғолибон бо «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз мегарданд.Dushanbe-1


08.01.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.