734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат

DSC_0036Боиси сарфарозиву сарбаландист, ки бо ташаббуси Пешвои ҷавонпарвари миллати тоҷик соли 2017 “Соли ҷавонон”   эълон гардид ва дар ин сол чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, варзишию оммавӣ дар сатҳи баланду зарурӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ  баргузор гардид.

Дар доираи тантанаҳои “Соли ҷавонон” имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ назарявӣ таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор, роҳбарони вазорату идораҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, ҷавонони фаъол аз тамоми манотиқи кишвар ва гирандагони стипендияи Президентӣ баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи конфронс раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам Рустам зикр намуд, ки ифтихорманд аз он ҳастем, ки Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд. Аз  ин иқдоми наҷибонаи Роҳбари давлат ҷавонон руҳу илҳоми тоза гирифта, дар пайи ободкориву созандагӣ, ҳифзи арзишҳои миллию дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ камари ҳиммат баста, чун пайравони асили Пешвои миллат  баҳри боз ҳам ободтару зеботтар намудани кишвари азизамон талош варзида истодаанд.

Ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор зимни суханронии хеш иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон  соли 2017 – ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд. “Соли ҷавонон” намунаи олии таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат ба ин қишри ҷомеа буда, ҷавонон дар пайрави аз сиёсати оқилона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар ин соли таърихӣ баҳри боз ҳам ободтару зеботар намудани Тоҷикистонаи азиз ва муаррифӣ намудани он дар арсаи байналмилалӣ талош варзида истодаанд – зикр намуд зимни суханронии хеш Раҳмонзода Абдуҷаббор.

Ҳамзамон, дар конфронси мазкур,  муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ,  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикикистон Саид Нуриддин Саид, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо ва   як қатор  роҳбарони вазорату идораҳо, коршиносони  соҳа  бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.


02.01.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.