734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мизи мудаввар: “Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон”

ooo1-300x168Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар дар мавзӯи “Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон” доир гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода ва донишҷӯёну ҷавонони гуруҳи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд.
Мақсад аз баргузории мизи мудаввар баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҷавонон дар бунёди оилаи солим ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни онҳо мебошад.
Дар мизи мудаввар раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода таъкид намуд, ки таҳдидҳо метавонанд ба ҳаёти ҷавонон таъсири амиқ дошта бошанд. Яке аз таҳдидҳоро Абдуллозода сатҳи пасти дониш арзёбӣ карда, изҳор намуд, ки барои зиндагии арзанда ҳар як ҷавон бояд донишҳои муосиру замонавиро аз худ карда, ҷаҳонбинии васеь дошта бошанд.
Ҳамчунин, Хидирзода Махфират дар баромади хеш изҳор намуд, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ҳамеша аз нерӯи ҷавонон истифода мекунанд. Номбурда рисолати ҷавононро дар ҷомеа муҳим арзёбӣ карда, таькид намуд, ки онҳо рисолати давлатсозиву давлатдориро ба дӯш доранд.
Сулаймон Давлатзода бошад, бештар ба масъалаи ҳувияти миллӣ ва дар замони муосир нигоҳ доштани он суханронӣ намуда, ҷавононро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват намуд.


26.08.2015 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.