734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти раисони се кумита бо занони Кӯлоб

s-300x225Дар доираи як сафар ба шаҳри Кӯлоб Аҳтам Абдуллозода – раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Махфират Хидирзода – раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва Сулаймон Давлатзода – раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо доираи васеи занони фаъоли шаҳр сӯҳбату вохӯрӣ анҷом додаанд.

Мақсад аз баргузории вохӯриро масъулин сӯҳбати озоду ошкоро бо фаъолзанони шаҳр арзёбӣ намуда, доир ба мавзӯъҳои гуногун изҳори андеша кардаанд.

Раиси Кумитаи ҷавонон Аҳтам Абдуллозода зимни баромад нақши занону модаронро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ карда, таъкид доштааст, ки таълиму тарбияи фарзанди солим ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ба воя расонидани насли наврас ва ҷавонон аз занони фаъол вобастагии калон дорад. Номбурда аз модарон даъват ба амал овард, ки дар тарбияи фарзандон бетаваҷҷӯҳ набошанд ва барои пешгирии онҳо аз гаравидан ба гурӯҳҳои тундрав сӯҳбатҳоро дар сатҳи оила ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, Махфират Хидирзода – раиси Кумитаи кор бо занон ва оила доир ба фарҳанги оиладорӣ ва либоспӯшӣ маърӯза карда, таъкид дошт, ки занони хонашин низ набояд аз мадди назар дур монанд.

Сулаймон Давлатзода – раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар баромади хеш бештар ба масъалаи саводнокии занон таваҷҷӯҳ карда, изҳор намуд, ки занони босавод дар тарбияи фарзанд нақши калон мебозанд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти дар ҷомеа пайдогардида бояд тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ талош варзанд.


26.08.2015 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.