734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Иштироки 210218 нафар дар чорабиниҳои Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

DSC_0276Дар тамоми қаламравӣ мамлакат дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Бахшида ба ин санаи муқаддас 24 ноябри соли 2017 силсилаи чорабиниҳои гуногуни оммавӣ – варзишӣ ва солимгардонӣ, ҳамоишу аксияҳои иттилоотӣ ва фарҳангиву фароғатӣ бо иштироки васеи аҳолӣ, бахусус ҷавонон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ баргузор карда шуд.

Ҳамин тавр бахшида ба таҷлили “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи иҷрои Нақшаи тасдиқгардида бо ҷалби кормандони вазорату идораҳо машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо иштироки зиёда аз 10000 нафар танҳо дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.

Ҳамзамон, бахшида ба ин санаи фархунда марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ дар тамоми манотиқи кишвар баргузор карда шуд. Дар марафони велосипедронӣ танҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 2000 нафар ҷавонон иштирок намуданд. Дави миллии баргузоградида бо ишитирки зиёда аз 10000 нафар дар шаҳри Душанбе доир карда шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш 15 чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ бо фарогирии 1364 нафар, аз ҷумла 427 бонувон баргузор гардид.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 24 ноябр 69 чорабиниҳои оммавӣ- варзишӣ бо фарогирии 32419 нафар, аз ҷумла 6755 нафар бонувон доир карда шуд.

Ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ 62 чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ бо фарогирии 15995 нафар, аз ҷумла 4516 нафар бонувон баргузор карда шуд.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 57  чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ бо фарогирии 9990 нафар, аз ҷумла 1304 нафар бонувон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 24 ноябри соли равон дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам» роҳпаймоии ҷавонон ва аксияи тақсимоти “Ширинӣ” ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он 3500 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шуданд.

Шоми рӯзи 24 дар толори амфитеатри “Боғи ирам” барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ бо иштироки 950 нафар ҷавонон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд.

Дар вилояти Хатлон 52 чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, иттилоотию маърифатӣ бо фарогирии зиёда аз 52000 нафар ҷавонон, дар вилояти Суғд – 36 чорабиниҳо бо фарогирии 40 000 нафар ҷавонон,     дар ВМКБ – 18 чорабиниҳо бо фарогирии 12 000 нафар ҷавонон ва дар ШНТМ – 23 чорабиниҳо бо фарогирии 20 000 нафар ҷавонон баргузор карда шуд.

Дар маҷмуъ бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 337 чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ, ҳамоишу аксияҳои иттилоотӣ ва фарҳангиву фароғатӣ бо иштироки зиёда аз 210218 нафар аҳолӣ бахусус наврасону ҷавонон баргузор карда шуд.

Дар ин рӯзи фархунда ҷавонону варзишгарони фаъолу ташаббускор аз ҷониби масъулин бо сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода, Исмонзода Ёсуман, Тошболтаева Манижа ва Эмомҳусайн Умаров бо сипоснома ва туҳфаҳои Кумита аз ҷониби Аҳтам Абдуллозода қадрдонӣ карда шуданд.


30.11.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.