734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Қӯрғонтеппа: Чорабиниҳои варзишӣ доир гардид

Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24 ноябри соли 2017 бахшида ба  ҷашни бошукӯҳи миллӣ 25 – умин солгарди қабули Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чорабиниҳои гуногуни варзишию омавӣ, роҳпаймоҳои осоишта ва веламарафон бо ҷалби беш аз 7000 нафар баргузор гардид.

Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа нахуст аз субҳи содиқ  дар се мавзеи   шаҳр аз соати 6:30 то  7:30  машқҳои дастаҷамъонаи варзишӣ бо иштироки зиёда аз 1000 нафар наврасону ҷавонон, кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳо, варзигарону мараббиён, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ ва  устодони соҳаи варзиш баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар хиёбони Ваҳдати шаҳри Қӯрғонтеппа марафонҳои велосипедронӣ, мототсиклронӣ ва роҳпаймоии осоиштаи ҷавонон бо иштироки зиёда аз 6000 нафар баргузор гардиданд.Мардуми саодатманду сарбаланди вилояти Хатлон чун рамзи эҳтиром ба Парчам бо дасту дили гарм ва бо меҳру муҳаббати ватандорӣ дар ин  чорабиниҳои оммавӣ иштирок намуданд.


25.11.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.