734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Хатлон: Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ ва квотаҳои Президентӣ

Имрӯз 25 ноябри соли 2017  бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон  тибқи Нақша чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ ва квотаҳои Президентӣ бахшида ба  “Соли ҷавонон” таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Максад аз баргузории чорабини мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ҷавонон,  мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ ба воя расонидани ҷавонон мебошад.

Дар ҳамоиш гирандагони стипендияи Президентӣ, раиси вилоят ва гирандагони квотаҳои Президентӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, сардори Раёсати кор бо чавонон ва варзиши вилоят, раиси ноҳияи Дӯстӣ, сардори Раёсати маориф, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои хирадманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми  имконият ва шароитҳои мусоидро ба мо ҷавонону наврасони вилояти Хатлон фароҳам овардааст. Мо  насли ҷавони кишвар давомдиҳандагони  кору пайкори фарзандони хирадманду хирадпеша асолат ва рисолати арзишҳои миллию давлатдориро муҳофизат карда, мактаби мардонагӣ ва ватандориро аз Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омухта, ворисони арзандаи ин сарзамин ва пайравони асили Пешвои муаззами кишвар мебошем.

Дар охир бо якдиливу якмаромӣ муроҷиатномаи ҷавонони вилояти Хатлон қабул гардид.


25.11.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.