734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Силсилаи мулоқотҳои созанда бо сокинони Кӯлобшаҳр

image-12-300x225Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагон Кумита ва аъзоёни фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо доираи васеи сокинон, аз ҷумла, ҷавонон, занон, пирони рӯзгордида ва фаъолони шаҳри Кӯлоб силсилаи мулоқотҳоро дар кӯчаву маҳаллаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо доир намуданд. Мақсад аз баргузории мулоқотҳо боз ҳам огоҳӣ намудани сокинон аз омилҳои номатлуби дар ҷомеа пайдогардида, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва оиладорӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нашъамандӣ, ҷинояткорӣ ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ арзёбӣ карда шуд.

Намояндагони Кумита ва Иттифоқи ҷавонон дар мулоқоту вохӯриҳо вобаста ба банақшагирии оиладорӣ, баланд бардоштани маърифатӣ оиладорӣ, пешгири аз вайроншавии оилаҳои ҷавон, мақом ва аҳамияти оила аз нуқтаи назари ислом ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, нигоҳдошти сирри оила ва расидан ба арзишҳои хонаводагӣ, хушунат ва зуроварӣ дар оила ва оқибатҳои нангини он, фарҳанги либоспӯшӣ ва расидан ба арзишҳои миллӣ, омилҳои номатлуб дар ҷомеа, пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ҳадафҳои паси пардагӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хурофотпарастӣ ва оқибатҳои он, раванди ҷаҳонишавӣ ва тақдири давлатҳои миллӣ, одоби сухан ва рафтори ҷавонон дар ҷомеи имрўза ва арҷ гузоштан ва пос доштани муқаддасоти миллӣ маърӯза намуданд.

Қисмати дуюми рӯзи 19 август намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иттифоқи ҷавонон дар кӯчаи С.Сафаров ва масҷиди ҷомеъ дар маҳаллаи Ҳилоли Аҳмар зимни мулоқот бо намозгузорон ва сокинони маҳал аз гаравидани баъзе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва вайроншавии оилаҳои ҷавон ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки барои пешгирии омилҳои нигаронкунанда саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хусусан волидайн калон аст. Аз ин рӯ, аз сокинони маҳал даъват карда шуд, ки ҷиҳати решакан намудани ин гуна падидаҳои номатлуб бетарафиро ихтиёр накунанд.

Дар навбати худ сокинон доир ба мавзуъҳои мавриди назарашон изҳори ақида намуда, пешниҳодҳои ҷолибро вобаста ба пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва коҳиш додани вайроншавии оилаҳои ҷавон ироа намуданд.

Ҳамзамон, дар мулоқот намояндагони ҷавон аз дастгирию ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбат ба қишри фаъоли ҷомеа – ҷавонон ёдоварӣ гардида, таъкид намуданд, ки тамоми тадбирҳои андешида баҳри насли ояндасоз ба камол расидани ҷавонон рӯи даст гирифта шудаанд.

Интизор меравад, дар доираи ин гуна мулоқотҳо чоpабиниҳои маъpифатию иттилоотӣ оид ба пешгиpии бемоpиҳои сиpоятии ҷинсӣ, ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ даp байни ҷавонон ва оилаҳои онҳо низ гузаронида шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки чунин силсиламулоқотҳо дар дигар  маҳаллаю кучаҳои шаҳри Кӯлоб то 23 августи соли равон идома меёбанд.

Аз ҷараёни дигар суҳбату мулоқотҳои намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо сокинони Кӯлобшаҳр маълумоти бештар дода мешавад.

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагон Кумита ва аъзоёни фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо доираи васеи сокинон, аз ҷумла, ҷавонон, занон, пирони рӯзгордида ва фаъолони шаҳри Кӯлоб силсилаи мулоқотҳоро дар кӯчаву маҳаллаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо доир намуданд. Мақсад аз баргузории мулоқотҳо боз ҳам огоҳӣ намудани сокинон аз омилҳои номатлуби дар ҷомеа пайдогардида, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва оиладорӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нашъамандӣ, ҷинояткорӣ ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ арзёбӣ карда шуд.

Намояндагони Кумита ва Иттифоқи ҷавонон дар мулоқоту вохӯриҳо вобаста ба банақшагирии оиладорӣ, баланд бардоштани маърифатӣ оиладорӣ, пешгири аз вайроншавии оилаҳои ҷавон, мақом ва аҳамияти оила аз нуқтаи назари ислом ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, нигоҳдошти сирри оила ва расидан ба арзишҳои хонаводагӣ, хушунат ва зуроварӣ дар оила ва оқибатҳои нангини он, фарҳанги либоспӯшӣ ва расидан ба арзишҳои миллӣ, омилҳои номатлуб дар ҷомеа, пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ҳадафҳои паси пардагӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хурофотпарастӣ ва оқибатҳои он, раванди ҷаҳонишавӣ ва тақдири давлатҳои миллӣ, одоби сухан ва рафтори ҷавонон дар ҷомеи имрўза ва арҷ гузоштан ва пос доштани муқаддасоти миллӣ маърӯза намуданд.

Қисмати дуюми рӯзи 19 август намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иттифоқи ҷавонон дар кӯчаи С.Сафаров ва масҷиди ҷомеъ дар маҳаллаи Ҳилоли Аҳмар зимни мулоқот бо намозгузорон ва сокинони маҳал аз гаравидани баъзе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва вайроншавии оилаҳои ҷавон ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки барои пешгирии омилҳои нигаронкунанда саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хусусан волидайн калон аст. Аз ин рӯ, аз сокинони маҳал даъват карда шуд, ки ҷиҳати решакан намудани ин гуна падидаҳои номатлуб бетарафиро ихтиёр накунанд.

Дар навбати худ сокинон доир ба мавзуъҳои мавриди назарашон изҳори ақида намуда, пешниҳодҳои ҷолибро вобаста ба пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва коҳиш додани вайроншавии оилаҳои ҷавон ироа намуданд.

Ҳамзамон, дар мулоқот намояндагони ҷавон аз дастгирию ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбат ба қишри фаъоли ҷомеа – ҷавонон ёдоварӣ гардида, таъкид намуданд, ки тамоми тадбирҳои андешида баҳри насли ояндасоз ба камол расидани ҷавонон рӯи даст гирифта шудаанд.

Интизор меравад, дар доираи ин гуна мулоқотҳо чоpабиниҳои маъpифатию иттилоотӣ оид ба пешгиpии бемоpиҳои сиpоятии ҷинсӣ, ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ даp байни ҷавонон ва оилаҳои онҳо низ гузаронида шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки чунин силсиламулоқотҳо дар дигар  маҳаллаю кучаҳои шаҳри Кӯлоб то 23 августи соли равон идома меёбанд.

Аз ҷараёни дигар суҳбату мулоқотҳои намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо сокинони Кӯлобшаҳр маълумоти бештар дода мешавад.


20.08.2015 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.