734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Таҷлили Рӯзи дониш бо иштироки Президент

jhgf-300x2011 – уми сентябри соли 2015 рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии донишгоҳ ва дарси сулҳ, ки ба таҷлили 70 – солагии Донишгоҳ рост омадааст, иштирок кард.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар рӯзи аввали соли нави хониши 2015-2016 бинои боҳашамату замонавии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ифтитоҳ намуда, аз шароити кории он аз наздик шинос шуд.

Корҳои сохтмонии бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ моҳҳои апрел – майи соли 2014 шуруъ гардида буд.

Корҳои таҳкурсӣ то ба қомат афрохтани биноро сохтмончиёни ширкати “Саддарё”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба итмом расонид.

Корҳои андовакунӣ, рангубор, васлу насби чароғҳо, кашондани хатҳои интиқоли неруи барқ, хати оби нӯшокӣ, часпонидани дару тирезаҳоро 10 ширкати сохтмонии Ватанӣ иҷро карда, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб дар ин иншоот таъмин шуданд.

Бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз 7 ошёна иборат буда, дар он толори васеи калони маҷлис барои 286 ҷойи нишаст, толори варзишӣ барои 104 ҷойи нишаст, ошхона барои то 200 ҷойи нишаст дар як баст, ду толори гузаронидани машғулиятҳо барои 70 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ ва синфхонаҳои лингофонӣ мавҷуд аст.

Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он 37 миллион сомонӣ маблағ хароҷот шудааст.

Ошёнаи дуюм ва сеюм – утоқҳои маъмурият, ошёнаҳои чорум, панҷум ва шашум барои машғулиятгузаронӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва лингофонӣ пешбинӣ шудааст, ки бо тамоми дастгоҳу лавозимоти муосири таълимӣ ҷиҳозонида шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои омӯзиши забонҳои русию англисӣ, синфи компютерӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо шароити таълим шинос шуда, бо устодону донишҷӯён мулоқот кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба омӯзиши амиқи технологияҳои компютерӣ, забонҳои хориҷӣ, ки тақозои замон аст, ҳидоят кард.

Дар толори маҷлисгоҳ донишҷӯён намоишномаи пурмазмунеро аз таърихи рушди давлатдории тоҷикон дар замони соҳибистиқлолӣ, заҳмату талошҳои Роҳбари давлат барои ба ҳам овардани миллат  ва таърихи таъсису ташаккули донишгоҳ омода ва пешниҳоди Сарвари давлат карданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаи дастовардҳои устодону донишҷӯён ба вазорати маориф ва роҳбарияти донишгоҳ барои тарбияи олимони ҷавон дастуру ҳидоятҳо дод.

Пас аз шиносоӣ бо бинои нави маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ кард.

Дар оғози дарси сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷӯҳ ба рушду пешрафти бахши пешбарандаи ҷомеа-соҳаи маориф ва сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кормандони соҳаи маориф, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, кӯдакони хушбахти диёр ва ҳамаи ҳамватанони азизамонро ба ифтихори Рӯзи донишу дарси сулҳ ва соли нави хониш табрик гуфта, барояшон сулҳу оромӣ, рӯзгори обод, саломативу хушбахтӣ ва таҳсили хубу аъло орзу намуд.

Сарвари давлат ба ҳамаи меъморону сохтмончиёни ватанӣ барои бунёди ин боргоҳи илму маърифат ва баҳри гузоштани саҳми ватандӯстонаашон изҳори сипос кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба саҳми муносиби устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамчун яке аз марказҳои асосии тайёр намудани омӯзгорон ва рушди фарҳангу адаби кишвар изҳори андеша карда, таъкид намуд, ки ҳазорон нафар дастпарварони донишгоҳ имрӯз дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиамон дар ҳамаи минтақаҳои кишварамон ва хориҷ аз он фаъолият доранд.

Танҳо дар замони соҳибистиқлолии давлатамон ин даргоҳи илму маърифатро қариб 20 ҳазор нафар хатм кардаанд.

Садҳо нафар ходимони давлативу ҷамъиятӣ, шоирону нависандагони номдор ва ҳунармандони варзида хатмкардагони ҳамин донишгоҳ мебошанд.

Президенти мамлакат бо хушнудӣ ёдовар шуд, ки 12 октябри соли 1994 нахустин вохӯрии пешазинтихоботии ман ҳамчун номзад ба мақоми Президенти мамлакат  дар толори ҳамин донишгоҳ доир гардида буд ва бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла устодону шогирдони ин даргоҳи бобаракати илмиву таълимӣ, ки аз рӯзҳои аввалин то ба имрӯз пуштибони самимии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд, ман Роҳбари давлат интихоб шудам ва ба нафъи халқи азизам ва пешрафту ободии Ватани маҳбубамон содиқона кору фаъолият дорам.

Дар ҷараёни суханронии хеш Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба тадбири наву муҳими Ҳукумати мамлакат дар роҳи донишомӯзии фарзандони халқ оид ба натиҷаҳои имсолаи тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат андешаронӣ карда, изҳор дошт, ки имсол ба тариқи тестӣ 73700 нафар довталаб ҳуҷҷат супорида, 36000 нафар дохил шудааст. Яъне нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат 77,2 фоиз иҷро шудааст.

Натиҷаи имтиҳонот тавассути Маркази миллии тестӣ бори дигар ошкор сохт, ки сатҳу сифати таълим дар кишвар беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад ва масъулони соҳаи маориф, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохтору мақомотро зарур аст, ки ба сифати таълим диққати махсус диҳанд ва назоратро дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар пурзӯр намоянд.

Бо дарназардошти мусоидат кардан ба раванди дохилшавӣ ба донишгоҳҳои мамлакат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки аз соли 2018 ҳангоми имтиҳонҳои дохилшавӣ навиштани иншо ва кори хаттиро ба роҳ монда, дохилшавӣ ба муассисаҳои миёнаи касбӣ пурра аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки чун имрӯз дарси сулҳ аст, мехоҳам андешаҳои худро доир ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва равандҳои пуртазоди муосир, ки ба амният ва суботу оромии сайёра, аз ҷумла кишвари мо таҳдид мекунанд, мухтасар баён намоям.

Дар чунин марҳалаи ҳассос мо ҳамчун кишваре, ки ҷанги даҳшатноки шаҳрвандиро паси сар кардааст, бори дигар бо ҷиддият эълон медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар ҷаҳон ва пуштибони ҳалли мусолиматомези ҳама гуна мухолифату низоъҳо буда, иртиҷоъпарастӣ ва ифротгароиро қатъиян маҳкум менамоем ва бар зидди ҳама гуна аъмоли номатлуб мубориза мебарем.

Яке аз зуҳуроти нангину хатарноки ҷаҳони имрӯза гаравиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои бегонаву хатарнок, ба қочоқ ё муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст задани онҳо, қонуншиканӣ, шомил шудан ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва тақлид ба расму ойин ва тарзи либоспӯшии бегона мебошад, ки наврасону ҷавононро аз асолати миллӣ дур месозанд.

Мо бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бояд илму дониш омӯзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро азхуд кунанд, барои ободии Ватан кӯшиш намоянд, эҳтироми падару модарон, устодону омӯзгорон ва умуман калонсолонро ба ҷо оранд, изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки бонувони фаъол, ҷавонони соҳибфарҳанг, собиқадорони меҳнат, занону духтарони ватандӯсти вилояти Хатлон ва шаҳри бостонии Кӯлоб бо он ғурур ва эҳтироми бузурге, ки ба арзишҳои миллӣ доранд, бояд мисли ҳарвақта намуна бошанд ва бар зидди таъсири манфии падидаҳои бегона ва умуман бегонапарастиву тақлидкорӣ мубориза баранд.

Даврони донишҷӯӣ на танҳо марҳалаи зебои ҷавонӣ, балки айёми муҳими омӯзиш, азхуд кардани илму дониш, касбу ҳунар ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ба шумор меравад.

Бинобар ин, ман ба ҳамаи ҷавонони мамлакат муроҷиат менамоям, ки ин давраро самаранок истифода бурда, тамоми нерӯи худро барои азхуд кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созед, таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат бо итминону боварӣ изҳор дошт, ки мардуми шарифи тоҷик, аз ҷумла сокинони сарбаланду озодидӯсти Кӯлоби бостонӣ чун ҳарвақта бо азму иродаи матин дастовардҳои истиқлолияти Ватанамонро қадр карда, боз ҳам ғайратмандона кору фаъолият мекунанд ва дар ободиву пешрафти Тоҷикистони азизамон ҳиссаи муносиби худро мегузоранд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо дарназардошти фаъолияти босамари омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи далватии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ аз ҳисоби хонаҳои баландошёнае, ки дар шаҳри Кӯлоб бунёд шуд, ба 25 нафар устодони ҷавону донишманд хонаҳои истиқоматӣ тақдим менамояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки оянда низ барои беҳтар кардани шароити зиндагии омӯзгорон боз як бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд ва тақдим менамояд.

Ин иқдоми арзанда ва дастгирии шоистаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро омӯзгорон ва иштирокчиёни мулоқот бо хушнудӣ истиқбол карданд.

Баъди суханронии пурмӯҳтавои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар дарси сулҳ байни Сарвари давлат ва устодону донишҷӯён суҳбати самимӣ доир гардид.

Омӯзгорон ва ҷавонон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳадяи бузург – бунёди бинои наву замонавии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб изҳори сипоси беандоза карданд.

Ба андешаи баромадкунандагон танҳо бо ташаббусу дастгирӣ ва ғамхории роҳбари хирадманду маорифпарвар Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи маориф рушд карда, шароити таҳсил дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардидааст. Дар доираи сиёсати бобарори иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти бахши маориф дар саросари кишвар шумораи зиёди муассисаҳои таълимӣ бунёду муҷаҳҳаз карда шуд, барномаи компютеркунонии мактабҳо бомуваффақият амалӣ гардид, квотаҳои президентӣ ба духтарону писарони лаёқатманди ҷумҳурӣ барои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ дар дохил ва хориҷ сол то сол афзун мегардад.

Ҳамаи ин тадбирҳо устодонро барои беҳтар кардани сифати таълим ва хонандагонро барои омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияи компютерӣ вазифадор месозад.


01.09.2015 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.