73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Истиқболи Беҳрӯз Хоҷазода

DSC_0098Имрӯз соати 2:20 дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Хоҷазода Беҳрӯз бо ҳамроҳонаш пас аз анҷоми мусобиқаи ҷаҳонии самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Руссия бо иштироки беҳтарин варзишгарони ҷаҳон баргузор гардид, баъди ба даст овардани ғолибият ба Тоҷикистони азиз фуруд омад.

Дар маросими истиқболи ҷаҳонпаҳлавонони тоҷик Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, қаҳрамони бозиҳои олимпии Бразилияи 2016 Дилшод Назаров, раиси ноҳияи Варзоб, мурабиёни шинохтаи кишвар, ҳаводорони гуштин, мухлисон, варзиши тоҷик ва садҳо нафар мухлисону ҷавнон иштирок доштанд.

Нахуст, чун анъанаи миллати тоҷик ба қаҳрамони ҷаҳон ҷомаи милливу тоқӣ пӯшонида, бо гулу гулдастаҳо, рақсу сурур ва хурсандиву  нишод аз садоқат ва муҳаббати онҳо нисбат ба варзишгари маъруфи тоҷик, истиқбол намуданд.

Садҳо нафар ҳаводорони ин риштаи варзиш Беҳрӯз Хоҷазодаро рӯ – рӯи даст бардошта, бо шиорҳои “Парчамбардори миллат” ва “Ифтихори миллат” садо мекарданд.

Беҳрӯз Хоҷазода иброз намуд, ки: “Маҳз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба ман муяссар гардид, то чемпиони ҷаҳон шавам.

Миннатодрии самимии хешро ба Пешвои муаззами миллат иброз менамоям. Ҳамзамон, барои мусоидат ва дастгириҳо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ миннатдории худро ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам”- иброз намуд ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода.

 


14.11.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.