73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Силсилаи чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Бо мақсади баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ бахшида ба  ҷашни 25 – умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози миллат  имрӯз масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.

Нахуст,  вохӯрии сардори Раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумита Шаҳзод Раҳимов,  муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим  бо ҷавонони ноҳия, гирандагони стипендияи Президентӣ, квотаҳои Президентӣ, омӯзгорони ҷавон, табибони ҷавон ва ҷавонони касбу кори гуногун вобаста ба расонидани муҳтавои қонунҳои миллӣ –  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” дар  маҷлисгоҳи Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ баргузор намуданд.

Дар ҷараёни баргузории вохӯрӣ масъулини Кумита зикр доштанд, ки  мо ҷавонон вазифадорем арзишҳои миллию давлатии  миллати фарҳангсолори хешро ҳифз намоем. Маҳз мо тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” метавонем аз фарҳанг ва арзишҳои фарҳангии миллат ҳифозат карда бошем.

Сипас дар бозори марказии ноҳия, кӯчаю маҳаллаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ бо усули хона ба хона аксияҳои тарғиботӣ ташвиқотии “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Либос ҷузъи фарҳанги миллӣ” ва “Танзим баракати зиндагӣ” доир карда шуд, ки дар натиља 500 адад маводҳои иттилоотӣ ба сокинону љавонон тақсим гардид.

Баргузории чунин чорабиниҳо то охири ҳафта идома хоҳанд ёфт.


10.11.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.