73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Силсилаи чорабиниҳо дар ноҳияи Восеъ

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни бошукӯҳи миллати фарҳангсолори тоҷик 25 – умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози миллат ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон чорабиниҳои маърифатию – фарҳангӣ  баргузор гардида истодааст.

Субҳи имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  гурӯҳи ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ бо мақсади баргузор намудани силсила чорабиниҳо ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд. Гуруҳи ҷавонони фаъоли ҷумҳуриро ҷавонону наврасон, гирандагони стипендияи Президентӣ, омӯзгорон, ҷавонони касбу кори гуногун,  аҳли ҷамоатчигии ҷамоат бо  як рӯҳу илҳоми тоза пешвоз гирифтанд.

Нахуст, меҳмонон аз марказҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, маҷмааи варзишӣ ва  ҷойҳои таърихии ҷамоат дидан намуда, бо варзишгарону ҷавонони фаъоли ҷамоат мулоқотҳои судманд доир намуданд.

 Ҳамзамон, дар маркази ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон мулоқоти  раиси ноҳияи Восеъ ва намояндгони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони касбу кори гуногун, гирандагони стипендияи Президентӣ, квотаҳои Президентӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ  баргузор гардид.

 Дар давоми рӯз дар ҷамоати мазкур баргузории чорабиниҳоигуногуни маърифатӣ фарҳангӣ, аз қабили мизи мудаввар дар мавзӯи “Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд”, аксияҳои тарғиботӣ – ташвиқотии “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Бо Сарпарасти сол ифтихор мекунем”, “Танзим баракати зиндагӣ”, “Либос ҷузъи фарҳанги миллӣ”, таренингҳои омӯзишии “Мо – ҷавонон ҷонибдори  тарзи ҳаёти солим”, “Рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва дурнамо”  дар миёни ҷавонону сокинони ноҳия дар нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, бегоҳи рӯз дар маркази ҷамоати деҳоти Рӯдакиии ноҳияи Восеъ бо иштироки аҳли санъати ноҳия ва санъаткорони шинохатаи шаҳри Кӯлоби бостонӣ  барномаи фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” баргузор  карда мешавад.

23379831_139673526791480_7730274810989379764_n 23435167_139673636791469_5454226078567015315_n

23376113_139675380124628_7871383541446022706_n

23319476_139675010124665_4113112018477603255_n


10.11.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.