734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Вохӯриҳои созанда бо сокинони пойтахт

image-5-300x225

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои якҷояи кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан миёни сокинон ва ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро рӯи даст гирифтаанд.

Тибқи нақшаи муштарак аз 1 июл то 1 ноябри соли 2015 чорабиниҳо дар маҳаллаҳои ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи роҳбарияти Кумита дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ бо сокинон ва ҷавонон доир карда мешаванд.

То имрӯз дар маҳаллаҳои Шафақ, Ҳабибулло Назаров, Сурхоб, Аҳрорӣ, Нодира, Заҳматобод, Амиршоев, М.Холов ва Шафтолузори ноҳияи И.Сомонӣ ва маҳаллаҳои 3 ноҳияи дигари пойтахт  вохӯрию мулоқотҳо доир гардиданд, ки ин иқдом барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои умумимиллӣ ва эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ақидаҳои бегона таъсири мусбат расондааст.

Дирӯз чунин як мулоқоти созанда дар биноҳои баландошёнаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо сокинону истиқоматкунандагони маҳалла доир карда шуд, ки дар он муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Аббос Саймуддинов, намояндаи ҳукумати ноҳияи И. Сомонӣ ва раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Масъулин вобаста ба масъалаҳои тозагии гирду атрофи маҳал, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар масоили мавриди назар бо сокинон суҳбат намуданд.


06.08.2015 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.