73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Меҳмонхонаи “Варзиш” барои қабул омода аст

Имрӯз 8 ноябри соли 2017 дар як фазои  тантанавӣ бо иштироки варзишгарони ҷоизадор, собиқадорони соҳа ва дӯстдорони варзиш меҳмонхонаи “Варзиш” баъди тармиму таҷдид аз нав ба фаъолият шуруъ намуд.

Мавриди зикр аст, ки Меҳмонхонаи “Варзиш” бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо  шарикони рушд, сарпарастони ватанӣ дар “Соли ҷавонон” барои фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ бо тамоми имкониятҳои муосир барои варзишгарон ва меҳмонони дохил ва хориҷи кишвар таъмиру таҷдид гардид.

Меҳмонхона то лаҳзаи таъмир дорои 30 ҳуҷра буда, ҳамагӣ дар як вақт  160  нафар меҳмонро  қабул менамуд.

Корҳои ободонӣ тахминан як моҳ давом карда, дар натиҷа  меҳмонхона бо маблағи зиёда аз 480 ҳазор сомонӣ ба пуррагӣ таъмир гардида, 36 ҳуҷра бо тамоми шароитҳо муҷаҳҳаз ва дар он  имконияти дар як вақт қабули меҳмонон ба 200 нафар расонида шуд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни корҳои ободонӣ дар меҳмонхона 10 ҳуҷраи люкс бо шароити муосир барои хизматрасонии сатҳи баланд дар истифодаи меҳмонон  қарор дода шуд.

Дар як вақт бо дастгирии бевоситаи Раиси  шаҳри Душанбе  барои  пешбурди соҳаи варзиш ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш як автобуси замонавӣ бо 47 ҷойи нишаст тақдим гардид, ки аз ин пас роҳнамоии ҷавонону  варзишгарон барои иштирок  дар чорабиниҳои минтақавӣ муҳайё гардид.


08.11.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.