73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Эълони озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” миёни ихтироъкорону навоварони ҷавон

social-innovation-strategy-400x286Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ҷиҳати дарёфти ҷавонони лаёқатманду навовар озмуни ҷумҳуриявиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” марбут ба рушди илм ва татбиқи навоварӣ бо мақсади пешрафти ҷомеа бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд.

Дар озмун ҷавонони навовару  ихтироъкори  аз 14 то 30 сола метавонанд иштирок намоянд.

Дархостҳо барои иштирок дар озмун то санаи1 декабри соли ҷорӣ қабул карда мешаванд.

Барои маълумоти иловагӣ ва дастрасӣ ба тартиби баргузории озмун:

Суроға:

Кумитаи кор бо љавонон ва варзиш, кўчаи Варзишгарон 6

Телефонњо барои тамос: 235 19 53; 236 37 26; 90 406 60 74

Суроғаи электронӣ:(muhsin.murodzoda@mail.ru)


13.10.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.