73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ ширкат мекунанд

21751616_2031849057044181_5717328488815277429_nАШҚОБОД. 2017, 17 сентябр
Имрӯз – 17 сентябр – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ озими Ҷумҳурии Туркманистон гардиданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидо ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои даъвати иштирок дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, мардуми туркманро ба ин рӯйдоди муҳими варзишӣ табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки ин гуна чорабинии муҳташами варзишӣ дар Осиёи Марказӣ бори нахуст баргузор мегардад ва умед аст, ки он ба рушди соҳаи варзиш ва оммавияти бештари он дар минтақа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Муколамаҳои пайвастаи ду кишвар дар сатҳи олӣ дар рушди ҳамкориҳои дӯстонаи миёни Тоҷикистону Туркманистон муҳим арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки Тоҷикистону Туркманистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамкориҳои хубу дӯстона доранд ва кишварҳо омодаанд, то бо истифода аз фурсату имконоти мавҷуда барои ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ муносибатҳоро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов аз рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар ин самт кишварҳо имконоти зиёд доранд, ёдовар шуда, баргузории комиссияҳои байниҳукуматиро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки ҷиҳатҳои асосии рушди ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишварро соҳахои энергетика, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва соҳаи турзим дар бар мегирад. Ҷонибҳо иброз доштанд, ки Тоҷикистону Туркманистон имрӯз имконот ва лоиҳаҳои зиёдеро барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика доранд. Дар ҳамин замина аз сохтмони хати лӯлаи гази Туркманистон – Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин ва лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон ёдоварӣ гардид.
Дар мулоқот рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар дигар бахшҳои муҳими хоҷагии халқ ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифт.
21462345_2031849093710844_4937269594778018852_nПешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон, ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн мулоқот намуданд.
“Мо аз раванди тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла, дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ менамоем, – таъкид доштанд Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, – сатҳи имрӯзаи эътимоду ҳамдастии ду давлат барои таҳкими бештари равобити ҳасана ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мо мусоидат хоҳад кард”.
Азму ниятҳои муштарак барои дар оянда афзун намудани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот байни ду давлат ва тақвияти кори Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, Гуруҳи муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор таъкид карда шуд. Ҳар ду ҷониб барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, роҳу нақлиёт, энергетика бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва хатҳои интиқоли барқ, саноати коркарди маъданиҳои куҳӣ, кишоварзӣ, амнияту мудофиа ва фарҳанг омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.


17.09.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.