73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Тасмими Кумита оид ба манъ намудани бархе аз гуруҳои варзишӣ

Бо мақсади иҷрои банди 11 Низомномаи намунавии муассисаҳои таёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои иловапулӣ дар соҳаи варзиш (Банди 11 Низомнома Дар муассисаҳои варзишӣ, таъсис додани гурӯҳҳо оид ба намудҳои варзишие, ки ба зӯроварӣ паст кардани шаъну эътибор ва таҳқири шахс равона гардидаанд, манъ мебошад. Намуди варзише, ки дар муассисаҳои варзишӣ оид ба онҳо ташкил кардани гурӯҳҳо манъ мебошад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян ва тасдиқ карда мешаванд.) лоиҳаи фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки дар он 9 намудҳои варзише, ки ба зуроварӣ, паст кардани шаъну эътибор ва таҳқирӣ шахс метавонанд гарданд, минбаъд пас аз қувваи қонуни пайдо намудани ин санад таъсиси гуруҳҳо аз рӯи ин намудҳо дар муассисаҳои тайёрии варзиши қатъ мегарданд.

Вобаста ба лоиҳаи фармоиши мазкур масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарон метавонанд то 30 сентябри соли равон таклифу пешниҳодҳои худро расман ба унвонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Замима ба лоихаи фармоиш Лоихаи фармоиш


19.09.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.