73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


“ДУНЁИ МЕҲР”: Ғолибони даври аввал муайян шуданд

Даври аввали Фестивали ҳунарии ҷумҳуриявии нобиноён таҳти унвони “Дунёи меҳр” ба охир расид.

Дар даври аввали фестивал, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар баргузор гардид, 162 нафар хоҳишмандони аз 8 то 35-солаи нобино ё қувваи босираашон суст, ки дар навозиши асбобҳои миллӣ ва аврупоӣ, иҷрои сурудҳои фолклорӣ ва классикӣ, инчунин хониши бадеии шеъру тарона ва порчаҳои насрӣ истеъдод доранд, иштирок карда, 27 нафарашон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Даври ниҳоии фестивал 22-юми сентябри соли ҷорӣ дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал дарёфти чеҳраҳои нав ва ҷавон, истеъдодҳои нодир дар байни шахсони нобино ва қувваи босираашон суст, арҷ гузоштан ба мероси бои аҷдодон, тарғибу ташвиқи санъати ниёгон ва муосири тоҷик, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти дастаҳои худфаъолияти бадеӣ дар назди филиалҳои Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, хештаншиносии наврасону ҷавонон ва мустаҳкам намудани робитаи эҷодӣ байни ҳаваскорони санъат ва устодони варзидаи ҷумҳурӣ мебошад.


21.08.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.