734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар Суғд форуми нави ҷавонон оғоз шуд

Субҳи рӯзи 3 август кормандони ҷавони вазорату идораҳои мамлакат дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷамъ омада, ҷиҳати иштирок дар Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат таҳти унвони “Ҷавонон – Пайрави Пешвои миллат” ба самти вилояти Суғд сафар намуданд.
Мутахассисонро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷавонон ва сокинони ноҳияи Айнӣ дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи бо гулу гулдаста, суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ пешвоз гирифтанд.
Намояндагони вазорату идораҳоро инчунин дар шаҳри Истаравшан гарму самимӣ пешвоз гирифта, барои хӯроки нисфирӯзӣ дастурхони пур аз нозу неъмат оростанд.
Сипас ҷавонон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов, ба истироҳатгоҳи “20-солагии Истиқлолият” раҳсипор шуданд.
Шоми ҷавонӣ дар урдугоҳи истироҳатӣ дар фазои дӯстона ва сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар форуми мазкур, ки ба “Соли ҷавонон” бахшида шудааст, 150 нафар ҷавонон аз тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар ширкат доранд.
Дар доираи Форум барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, суҳбату вохӯриҳои сатҳи баланд, ҳамоишҳо, саёҳати иштирокчиён ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии вилояти Суғд ва мусобиқаҳои варзишӣ доир карда мешаванд. Дар рӯзҳои Форум ҳамзамон баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки форуми мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №АП-833 тасдиқ шудааст, аз 3 то 6 август дар вилояти Суғд бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки сарпарастии бевоситаи тамоми чорабиниҳои “Соли ҷавонон”-ро бар уҳда доранд, Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” баргузор мегардад. Ин майдон шароити табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ, шиносоӣ, фароғат, таҳкими дӯстӣ, оғози ҳамкориҳои навро фароҳам меорад.
Доир ба чорабиниҳои дигар дар доираи Форум маълумоти бештар боз нашр мешавад.
Хуршед МАВЛОН, “ҶТ”

0-02-05-39480ba265a88ca9577be48e1afcec957a77e962829696891fa0c0b5d31eb800_full 0-02-05-61042c4cbe05520a2c378712922f8798bd945fceabdea53fe362b64f858cedb7_full 0-02-05-bb872af5db99a53e15863e0a07faf347efbe3dda227446dfa3f0da1ca840de91_full 0-02-05-bcc39bfdda9edc99425cd207e97db878f87ef84ede3af1aff73ac2312c8e2823_full


04.08.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.