734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ХОРУҒ: “Ҷавонону наврасон зидди маводи мухаддир” – аксия

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ таҳти унвони “Ҷавонону наврасон зидди маводи мухаддир” аксияи тарғиботӣ – ташвиқотӣ баргузор гардид.
Имомёрбек Имомёрбеков, мудири Бахш иброз медорад, ки солҳои охир ниҳодҳои қудратии кишвар дар кори мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ тадбирҳои заруриро пиёда намуданд. Аммо бо вуҷуди ин ба масоили пешгирии қочоқи маводи мухаддир, ошкорсозии он таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа бояд бештар шавад.
Дар аксия ҷавонони Хоруғ оид ба оқибатҳои истеъмоли мухаддирот, нақши ҷавонону наврасон дар пешгирӣ ва аз байн бурдани он, тарзи муносибат бо беморону гирифторони касалии наъамандӣ маърӯза карданд.
Таъкид гардид, ки рӯзҳои наздик чунин аксияи тарғиботӣ дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ гузаронида мешавад.
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”


03.08.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.