73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ оғоз мегарданд.

Дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар давоми 26 соли охир соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, махсусан инфрасохтори он ба маротиб рушд ёфта, Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

Қобили қайд аст, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ равона гардидааст.

  Дар шароити имрӯзаи рушд ва тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Кумитаи тадорукоти Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъсис дода шуда, масъулини соҳа баҳри рушди намудҳои миллии варзиш аз қабили чавгонбозӣ, бузкашӣ, камандкашӣ, камонварӣ, найзазанӣ, шамшербозӣ, шатранҷбозӣ, арғунчакбозӣ, пойандозкашӣ, чилликдангалбозӣ, буҷулбозии ҳарифона, варзишҳои сабук, гуштингирӣ, гимнастика, дорбозӣ, гулулапартоӣ, варзиши вазнин, сангбардорӣ ва ғайраҳо марҳилаи якуми Фестивали бозиҳои миллии варзиширо бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки 23871 варзишгар ва 270935 нафар тамошобинону дӯстдорони намудҳои миллии варзиш дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

Маҳз роҳбарии бевоситаи Кумитаи тадорукоти Фестивали мазкур аз ҷониби Президенти Федератияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сатҳ ва сифати чорабиниҳо ва эҳёву арҷгузорӣ ба намудҳои миллии варзишӣ саҳми арзишманди хешро гузошт.

Дар асоси консепсия ва тартиби баргузории Фестивали мазкур бо мақсади эҳё, рушд ва амалии бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврасу ҷавон, баргузории марҳилаи дуюми он бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамин тариқ шуруъ аз 20 июни соли ҷорӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ марҳилаи дуюми Фетивали бозиҳои миллии варзишӣ аз рӯи намудҳои замимагардида дар сатҳи минтақавӣ баргузор карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки тибқи таҳлили коршиносон ва мутахассисони намудҳои миллии варзиш, Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз рӯи 2 намуди бозиҳо, яъне намудҳои сабқат ва рақобати даставӣ ва намудҳои бозиҳои намоишӣ муқаррар гардидааст, ки аз рӯи тартиб чунин тақсимбандӣ гардиданд:

  • Намудҳои миллии варзишие, ки аз рӯи онҳо мусобиқаҳои даставӣ баргузор карда мешаванд:
  1. Гуштингирӣ ё гуштини миллии суннатӣ;
  2. Чавгонбозӣ;
  3. Шиноварӣ;
  4. Вазнабардорӣ (сангбардорӣ);
  5. Дастхобонӣ;
  6. Пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200,400,800 метр)
  7. Шоҳмот;
  8. Бандкашӣ.
  • Намудҳои миллии варзишие, ки ҳамчун намудҳои намоишӣ дар ҷараёни оғози Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ба марази тамошои мардум гузошта мешаванд:
  1. Хурусҷанг;
  2. Чиликдангал;
  3. Ланкабозӣ;
  4. Биҷилбозӣ;
  5. Камонварӣ;
  6. Шамшерзанӣ;
  7. Камолғулак;
  8. Фалағмолпартоӣ;
  9. Ҳойталак;
  10. Бандпарак.


19.06.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.