73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Вохурӣ бо сокинони Мурғоб

Гурӯҳи кории Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Ризо Назарзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти “Қизил–работ”, “Қара–кул”, “Ранг–кул”, “Чечекти”, “Шаймоқ”, “Баш–гунбез”, “Булун–кул”, “Бердибаев”, “Аличур” ва “Мурғоб”-и  ноҳияи Мурғоб мулоқот доир намуданд.

Дар ин вохӯрӣ муовини аввали раиси Кумитаро Диловаршоҳ Диловаршоев, намояндаи Академияи Илмҳои ҷумҳурӣ, Мамадризо Алимшоев, ноиб ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Мамадҳасан Мамадҳасанов, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, Ҷаркинбай Акжаров, раиси КМ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур ҳамроҳӣ намуданд.

Ба гуфтаи масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мурғоб вохӯрии гурӯҳи корӣ ба 20–солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва “Соли ҷавонон” бахшида шуда, дар он масъулин бо сокинон ва сарбозони қисмҳои ҳарбии мустақар дар ноҳия перомуни дастоварҳои Истиқлолияту Ваҳдат, аҳамияту мақоми ин арзишҳо дар ҷомеаи муосир, ҷалби сокинон ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ва ғайра суҳбат намуданд.
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ

– See more at: http://javonon.tj/news/va-dati-mill-20-sol/vokhur-bo-sokinoni-mur-ob%2C/?sphrase_id=2531#sthash.ajmkTRbU.dpuf


15.06.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.