73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон

Ба хотири муттаҳидсозӣ, таҳкими рукнҳои дӯстию рафақат ва рушди фарҳангии ҷавонон 18 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки 100 нафар ҷавонони фаъол аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон бахшида ба 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва “Соли ҷавонон” доир гардид.
Масъулин дар шаҳри Ваҳдат гурӯҳи ҷавонони меҳмонро дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат дар назди майдони “Ғалаба” бо шукӯҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифта, дар назди меҳмонон дар бораи ба сулҳу ваҳтад шеърҳо қироат намуданд.
Сипас аз назди майдони “Ғалаба” то назди Қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки зиёда аз 3000 нафар ҷавон роҳпаймоӣ таҳти унвони “Ҷавонон посдори Ваҳдат” баргузор гардид.
Баъди роҳпаймои дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Амирбекзода Ҳабибулло ва муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Ҳоҷазода дар назди иштирокчиёни Фестивал доир ба “Соли ҷавонон” ва ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Ҳоҷазода ҳозиринро ба муносибати 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва “Соли ҷавонон” табик намуда, иброз дошт:
“Бори аввал дар шаҳри Ваҳдат, дар калонтарин майдон, ки бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда истодааст, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мо масъулин дар шаҳри Ваҳдат тамоми кӯшиши худро ба он равона сохта истодаем, ки ин чорабинии бонуфӯзи кишварро дар сатҳи баланд доир намоем. Аз тамоми меҳмонон ва сокинони кишвар даъват мекунам, ки моро дар ҷашнгирии 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамроҳӣ намоянд”.
Ҳамчунин, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Амирбекзода Ҳабибулло низ ҳозиринро ба муносибати 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва “Соли ҷавонон” шодбош намуда, қайд намуд, ки: “20 сол қабл, яъне 27 июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад”.
Баъди суханронии масъулин аз номи ҳамаи иштирокчиёни Фестивал Парвина Набиева муроҷиатномаи ҷавононро ба самъи ҳозирин расонид.
Ҳамчунин дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат бо иштироки ҳунармандон чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.
Дар доираи Фестивал ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон аёдати оилаҳои ниёзманд, намунавӣ ва иштикорчиёни ҷангу меҳнати шаҳри Ваҳдат сурат гирифта, аз ҷониби иштирокчиёни Фестивал тӯҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Кумита супорида шуд.
Баъд аз аёдати оилаҳо дар толори гуштингирии шаҳри Ваҳдат иштирокчиён ҷамъ омада рафти мусобиқаи кушод оид ба гӯштинро тамошо намуданд.
Баъдан дар истироҳатгоҳи “Шоми Ваҳдат” аз ҷониби иштирокчиёни Фестивал чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.
Баъд аз нисфирӯзӣ дар бинои Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Саодати миллат аз Ваҳдат аст” бо иштироки масъулини Кумита баргузор гардид.

Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”


19.06.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.