73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ВАХШ: Силсила мулоқотҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва “Соли ҷавонон”

Рӯзҳои 12 – 16 июни соли равон бо сокинони ҷамоати шаҳраки “Вахш” ва ҷамоатҳои деҳоти “Ваҳдат”, “20-солагии Истиқлолият”, “Тоҷикобод”, “Киров”, “Машъал” –и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бахшида ба “Соли ҷавонон” ва ҷашни 20-солии Рӯзи Ваҳдати миллӣ силсилаи вохӯриҳо баргузор шуданд.
Дар ин вохӯриҳо аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки сазовор ба ғамхориҳо ва эътимоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бо масъулияти баланд барои рушди босуботи кишвар доимо саҳмгузор бошанд.
Маҳбуба Азимова, сардори шуъбаи Кумитаи кор бо занон ва оила, Лоиқназари Мӯмин, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегӣ, Зоҳирзода Саидқадам, сардори шуъбаи Прокуратураи вилояти Хатлон, Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, муовини раиси ноҳия ва як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Баромадкунандагон оид ба мавзуъҳои мураккаб ва пурҳассос будани замони ҷанги шаҳрвандӣ, қадамҳо барои расидан ба ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҷавонон ва нақши онҳо дар амалишавии ҳадафҳои олии кишвар, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, сокинонро ба муносибати 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуданд.
Ҳамчунин зимни мулоқотҳо сокинон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, таклифу пешниҳодҳояшонро барои ворид намудан тағйиру иловаҳо ба ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро намуданд.

вахш 2 вахш 3


19.06.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.