73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Кӯлоб: Физикони ҷавон муайян гардид

Ба мақсади дарёфти истеъдодҳои нав байни физикони ҷавон ва ба ин васила рушди илмҳои дақиқ бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба “Соли ҷавонон” ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 15 июни соли равон дар толори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб озмуни “Беҳтарин физики ҷавон” миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб дар доираи Барномаи таълимӣ аз синфи 9 то 11 гузаронида шуд.

Дар озмуни мазкур 1 нафарӣ аз ҳар як муассиса иштирок намуда, аз рӯи 2 давр-гузаштани имтиҳони тестӣ ва хаттӣ сурат гирифт.

Дар озмун ҷойи якум сазовори хонандаи синфи 11 литсейи №2 Наврӯзи Сафаралӣ бо гирифтани 91 хол, ҷойи дуюм сазовори хонандаи синфи 10 муассисаи №34 Юнусов Сайидо бо гирифтани 90 хол ва ҷойи сеюм сазовори хонандаи литсейи №1-и шаҳри Кӯлоб ба номи И.Сомонӣ гардид.

Ғолибони озмун бо ифтихорномаву тухфаҳои таъсиснамудаи Бахш қадрдонӣ карда шуданд.

0-02-04-4d012a5efe30a6f47556ed27c4b633449dd9f5f7a92d1c2fa95643e2a2589fc2_full 0-02-04-84147de892d6f98038aa87f6cf3a6c971f57322c8b20577aef88b60fd950474b_full.0


16.06.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.