73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ваҳдат рамзи озодист

Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Таърих гувоҳ аст, ки дар он рӯзҳои душвори барои миллат пурдаҳшат қариб ба ояндаи неку созанда боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ, ҷасуру нотарс ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда дод, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам”. Воқеан ҳам бо мурури вақт ин фарзанди фарзонаи миллат ба ваъдаи худ вафо намуду мо ба мақсади ниҳоӣ расидем. Кӯшишу ҷонбозиҳои ин ҷавонмард буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо сарҷамъ гардид. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд, миллат ба ваҳдат расид.

Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург буда, решаҳои таърихӣ дорад, ки дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қимату бузургии онро афзун гардонидаанд. Таърихи гузашта ошкор менамояд, ки дар замони давлатдориҳои Каёниён – Ҷамшед, Сомониён – Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд ва дар таърихи давлатдории навини тоҷикон чунин толеи бузург насиби Эмомалӣ Раҳмон гаштааст.

Салтанати бузурги Сосониён, то замоне ки ваҳдат асоси сиёсати онро ташкил медод, қарнҳо пойдору устувор буд. Замоне ки ваҳдат дар он халалдор шуд, он империяи бузург рӯ ба шикаст шуд. Инчунин, метавон гуфт, ки замоне фарҳанги ваҳдатсози асосгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ ҳукмрон буд, ин давлат ҳам пойдор буд ва таърих гувоҳ аст, ки дар замони ин ду империяи бузург аҷдодони мо ба чӣ дастовардҳои бузурги илмию эҷодӣ муваффақ гаштаанд. Масалан, дар замони давлатдории Сомониён равшанфикрони он замон – Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва даҳҳо дигарон ба пешравиҳои беназире дар соҳаҳои илму фарҳанг, сиёсати давлатдорӣ, созандагию бунёдкорӣ ва дигар соҳаҳо ноил гаштаанд. Равшанфикрони номбурда бо дастовардҳои бузурги илмию эҷодии худ, ки нишона аз мавҷудияти ваҳдат, озодӣ ва сулҳу салоҳ дар давлатдории ҳамонвақта буд, дар таърихи башарият нақши босазои худро гузоштаанд, ки ифтихори миллати тоҷик ҳастанд.

Аз ин рӯ, месазад, ки қадру манзалати Ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид менамоянд, ки “Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт”.

Ваҳдати ба дастовардаи мардуми тоҷик дар ҳақиқат ганҷинаи ноёфту беназир ва тақдирсоз буда, мо – фарзандони миллатро вазифадор менамояд, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоему нагузорем, ки ҳар нохалафе ба ин рамзи озодии мо дастдарозӣ намояд ва ё онро халалдор созад.

Ҳамаи ин аз болоравии обрӯ ва эътибори мардуми тоҷик, дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси байналмилалӣ шаҳодат медиҳад, ки барои халқу Ватани мо аҳамияти бузург дорад. Вале ҳастанд қувваҳое, ки аз ин болоравии обрую эътибори Ватани мо дар ҳаросанд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки озодии моро халалдор карда, обрую эътибори халқу Ватани моро паст кунанд.

Бинобар ин, замоне расидааст, ки мо – ҷавонони созандаву ояндаи миллат, аз ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст, ҷасур, далер, яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавӣ гардонидани Ваҳдати миллӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа мубориза барем. Чунин амали мо пойдевори ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор месозад.

С.А. АБДУҶАББОРЗОДА, прокурори Сарпрокуратураи Ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

– See more at: http://javonon.tj/news/va-dati-mill-20-sol/va-dat-ramzi-ozodist/#sthash.nmF7qyrX.dpuf


16.06.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.