73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ба барномаи XVIII Бозиҳои Осиё-2018 тағйирот ворид гардид

Тибқи иттилои расида аз Шӯрои олимпии Осиё ба барномаи XVIII Бозиҳои Осиё-2018 тағйирот ворид гардид. Якчанд намуди варзиш, аз ҷумла самбо, ки соли 2016 ба барномаи бозиҳо дохил карда шуда буд, ҳазф шудааст.

Ин тасмим зимни сафари президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал-Сабоҳ ба шаҳри Ҷакартаи Индонезия – макони баргузории Бозиҳои Осиё-2018 ва мулоқоти ӯ бо раиси Кумитаи тадорукоти бозиҳо – ҷаноби Юсуф Калла, бо мақсади истифодаи самараноки маблағҳо гирифта шуд.

Дар Бозиҳои Осиё-2018, ки аз 18 август то 2 сентябри соли оянда дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия доир мегардад, мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои варзиши самбо, билярд, бодибилдинг, крикет, шоҳмот, рақси варзишӣ сурат намегирад.

XVII Бозиҳои Осиё соли 2014 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи 36 намуди варзиш баргузор шуда буд. Дар ин бозиҳо варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 5 медал (1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ) гардида буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ сазовори медали тилло, Зелимхон Юсуфов дар намуди гуштини юнонӣ-римӣ медали нуқра, Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов ва Моҳру Ҳалимова дар намуди таеквондо ВТФ медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Рӯйхати 39 намуди варзиш, ки ба барномаи Бозиҳои Осиё-2018 ворид гардидаанд:

1. Аспсаворӣ

2. Бадминтон

3. Баскетбол/Софтбол

4. Бейсбол

5. Боулинг

6. Бокс

7. Вазнбардорӣ

8. Варзиши сабук

9. Варзишҳои обӣ

Дайвинг (таги об)

Шиноварӣ

Шиноварии синхронӣ

Тӯббозӣ дар об

10. Варзиши баҳрӣ(киштиҳои бодбондор)

11. Велосипедронӣ

12. Волейбол

Волейбол дар толор

Волейболи соҳилӣ

13. Гимнастика

Гимнастикаи бадеӣ

Гимнастикаи варзишӣ

Батут

14. Голф

15. Гуштин

16. Каббода

17. Камонварӣ

18. Каноэ-кайак

19. Каратэ

20. Қайиқронӣ

21. Панҷҳарбаи муосир

22. Парапланеризм

23. Регбӣ

24. Ҳунарҳои размӣ

Ҷуиҷитсу

Ушу

Pencak Silat

25. Сквош (як намуди теннис)

26. Таеквондо WTF

27. Теннис/Софттеннис

28. Тенниси рӯи миз

29. Тирпаронӣ

30. Триатлон

31. Футбол

32. Хоккей

33. Ҳандбол

34. Ҷудо

35. Шамшерзанӣ

36. Шӯхпаймоӣ

37. Bridge

38. Sepak takraw

39. Jet Ski

http://olympic.tj/news/3395-sambo-az-barnomai-bozi1203oi-osie-1203azf-shud.html


01.06.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.