73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Футболи тоҷик боз ҳам рушд меёбад

Футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар миёни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятҳоро пиёда сохтааст. Аз ҷумла Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба мақсади иҷрои босамари Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, миёни аҳолӣ бахусус наврасону ҷавонон чорабиниҳои таъсирбахшро бо мақсади тарғибу ташвиқи ин намуди варзишдар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ба роҳ мондааст.Дар натиҷа амалигардии барномаимиёнамуҳлат барои солҳои 2012-2016 шароит муносибро ҷиҳати ҷалби аҳолӣ ба футбол, заминаи мусоид дар мутобиқгардонии инфрасохтори соҳаи футбол ба талаботҳои ҷаҳонӣ, таъмиру азнавсозии иншоотҳои марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани замина барои рушди футболи касбӣ дар кишварро ба миён овард. Айни замон Тоҷикистон дар радабандии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар мақоми 138 қарор дорад.

Ба мақсади боз ҳам рушд ва оммавӣ гардидани футбол дар кишвар дар чорсолаи оянда Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021- ро дар тарҳи нав таҳия намуда, оназ тарафи Ҳукумати мамлакат алакай тасдиқ гардидааст, ки барномаи мазкур метавонад дар баланд намудани мақоми футболи тоҷик нақши муассир гузорад.

Дар доираи барномаи нав муҳайё сохтани шароит барои машғул шудан ба футбол, ба талаботҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншоотҳои марбути соҳа,пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани замина барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш дар назар мебошад.

Барномаи мазкур ҳамзамон метавонад,барои баргузории мусобиқаҳои кушоди ҷумҳуриявӣ байни наврасону ҷавонон,лигаи футболи кӯдакон ва таъсиси лигаи футболи донишҷӯён ҳамчун як муҳаррики пешбаранда хизмат намояд.Барнома дар навбати дигар бо назардошти таҷрибаҳои андухта ба таҷҳизонидани маркази техникииФедератсияи футболи Тоҷикистон бо маводи лозима, таъмиру  барқарорсозии майдонҳои футбол, таъсиси маркази тиббии варзишии муосир, сохтани толорҳои футзал дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб, ташкили курсҳои бозомӯзии мураббиён дар ҷумҳурӣ ва хориҷӣ кишвар, таъсиси маркази ягонаи махзани маълумот оид ба дастаҳои футболи ҷумҳурӣ, таъсиси хазинаи рушди футбол, таъсиси синфҳои махсуси футбол дар муассисаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо, таъсиси марказҳои футболи минтақавӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қуғонтеппа, Турсунзода ва Хуҷанд, рушди футбол дар ВМКБ нақши калидӣ бозад.


31.05.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.