73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ноҳияи Ашт: Конфронси миллии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо”

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017, имрӯз 26 майи соли 2017 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Конфронси миллии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо” бо иштироки масъулини соҳа, ширкатҳои туристии ватанӣ, соҳибкорону ҷавонони ҳавасманд дар риштаи туризм баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён фаъолона иштирок ва суханрони намуданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин Конфронсҳо муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон, омўзиши иқтидори он, беҳтар сохтани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати самаранок истифода бурдани инфрасохтори мавҷуда ба ҳисоб меравад.

Қобили қайд аст, ки ҳарчанд вилояти Суғд бо имкониятҳои бузурги рекреатсионӣ ба бренди сайёҳӣ миёни туристон маъруф гашта бошад ҳам, вале сифати хизматрасониҳои соҳаи сайёҳӣ дар иншоотҳои қабулу хизматрасонӣ ба талаботи муосири имрӯза ба пурраги ҷавобгу намебошанд, ки тавассути баргузории чунин чорабиниҳо заминаи мусоид ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои мавҷуда хоҳад шуд.

Чун дар ҷараёни кори Конфронс роҳҳои ҳалли масъалаҳои соҳаи сайёҳии минтақаи Суғд аз ҷониби масъулини соҳа дар якҷояги бо мақомоти маҳаллӣ ва идораҳои дахлдори минтақа мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд.


26.05.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.