73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Норак: Баргузории Конфронси миллии сайёҳӣ

17 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Норак дар заминаи оғози мавсими туристӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади татбиқи босамари “Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017” Конфронси миллии сайёҳиро таҳти унвони “Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид.

Дар кори конфронси мазкур масъулини Кумита, коршиносони соҳа, намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, соҳибкорони ҷавон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Ҳадафи аслии Конфронс муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон, омўзиши иқтидори он, беҳтар сохтани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати самаранок истифода бурдани инфрасохтори мавҷуда ва баррасии имкониятҳои қабул ва хизматрасонӣ ба сайёҳон мебошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистон аз лиҳози рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ чанд зина боло рафта, дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, мақоми намоёнро ишғол намудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дар ҷойи аввал Ҷопон ва дар ҷойи дуюм Озарбойҷон мебошанд.


17.05.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.