734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ифтитоҳи Чемпионати ҶТ аз намуди варзиши сабук

Имрӯз, 13 май дар Варзишгоҳи марказӣ оғози кушодашавии Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои варзиши сабук доир гардид.

Дар он Дилшод Назаров, президенти федератсияи варзиши сабук, Ризо Назарзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, собиқадорони ин риштаи варзиш ва варзишгарон иштирок намуданд.

Дилшод Назаров дар оғоз ҳозиринро бо эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” табрик намуда, таъкид намуд, ки дар соли ҷавонон баргузории силсила чорабиниҳои хусусияти оммавию касбии соҳаи варзиш ба нақша гирифта шуда, он дар тамоми минтақаҳои кишвар доир гаштаистодаанд,

Дар ифтитоҳи чемпионати мазкур аз ҷониби президенти Федератсияи варзиши сабук ба собиқадорони соҳа ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар охир баҳри болидагии варзишгарон барномаи кӯтоҳи фарҳангӣ бо иштироки гимнастикону акрабатикҳо пешкаши ҳозирин гардид.

дастахо.gif


15.05.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.