73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Даромад ба осорхонаҳо 18 май ройгон аст!

18 майи соли 2017 даромад ба осорхонаҳо ройгон мешавад….

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон ” эълон гардидааст.

Дар ин замина, Кумита дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва Осорхонаи миллӣ бо мақсади рушди туризми дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон дар қаламрави ҷумҳурӣ санаи 18 майи соли 2017 баргузории “Рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо” ва дар ҳамбастагӣ бо МД “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” баргузории чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Шабе дар осорхона» ба нақша гирифтааст.

Мавриди зикр аст, ки дар тамоми осорхонаҳои қаламравӣ ҷумҳурӣ барои тамошобинон санаи 18 майи соли 2017 ба таври ройгон тамошо ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон, санаи 18 майи дар МД “Осорхонаи миллӣ” чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Шабе дар осорхона» аз соати 18:00 то 22:00 баргузор мегардад.


11.05.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.